Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши нозирони интихоботии САҲА ва нигаронии КМИР аз он


Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон аз нахустин гузориши нозирони интихоботии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки вориди ин кумисиюн шудааст, изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин гузориш назари ин ҳайъати нозирон то 12 октябрро фаро мегирад ва бисёр нуктаҳои ин гузориш сатҳӣ ва бо иштибоҳ таҳия ва нашр шудааст.


Дар гузориши САҲА омадааст, ки ин созмон тавсия медиҳад, то маъмурияти интихоботии чандандеш ва фарогир таъмин шавад. Қоидаҳои муфассал барои таъмини тақсимоти номунсифонаи манобеъи молии давлатӣ дар ҷараёни корзори интихоботӣ ба номзадҳо ҷорӣ шаванд. Дар ин гузориш ҳамзамон аз назари аҳзоби мухолифи давлат, қонунгузории интихоботии кишвар ва раванди корзори интихоботӣ зери интиқоди шадид қарор гирифтааст. Ҳамчунин, вазъи феълии расонаҳои хабарӣ дар ҷараёни корзори интихоботиро мавриди таҳлил қарор дода, баста шудани чанд сомонаи интернетӣ барои чанд рӯз, сарнавишти ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи Ҳизби Демократро хотирнишон кардааст.


Намояндагони ҳайъати нозирони интихоботии САҲА аз додани ҳар гуна иттилоъ ва шарҳи бештари ин гузориш комилан худдорӣ карданд.


Ин дар ҳолест, рӯзи чаҳоршанбе, 18 октябр, нозирони ин созмон ҳамчунин дар Кумисиюни Марказии Интихобот бо Мизроб Кабиров - муовини раиси кумисиюн мулоқот доштанд. Оқои Кабиров гуфт, дар мулоқот бо нозирони интихоботии САҲА масъалаи баррасии арзу шикоятҳо аз ҷараёни корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ матраҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, феълан ба ин кумисиюн аз сӯи шаҳрвандон ва ё номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии кишвар арзу шикоёт ворид нашудааст.


Мизроб Кабиров гуфт, феълан бештар аз 100 нозири интихоботии САҲА барои назорати ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном шудаанд ва феълан аз ҷараёни омодагиҳои Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ ва кумисиюнҳои ҳавзаӣ дидан мекунанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG