Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии тими олимпии футболи Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиёӣ


Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон ба мусобиқоти муқаддамотии гурӯҳии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар омода мешавад.

Ин даста дар шаҳри Душанбе дар маҷмаъаи варзишии вазорати дифоъи Тоҷикистон тамрин мекунад. Дар ҳайъати даста 36 номзад шомиланд, ки нисфи онҳоро аъзои тими мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил медиҳанд. Воқеъан, бозикунони то 20-солаи тоҷик дар айни ҳол дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё омодагӣ мегиранд.

Карим Тошпӯлодов, сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи мусобиқот дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон, аслан бозикунони зери 23 сол ва се нафар болои 23 сол ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳамаи онҳо бозикунони бошгоҳҳои футболи лиги олии Тоҷикистонанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ду бозии санҷишӣ бар тими «Ориёно»-и Душанбе ва СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи якхелаи 3 бар 0 пирӯз шуд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи 15-умин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки аз 1 то 15 декабри соли 2006 дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешавад, 30 дастаи мунтахаби олимпии футболи кишварҳои қора ширкат хоҳанд кард. Бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти муқаддамотӣ 8 дастае, ки дар бозиҳои пешин иштирок надоштанд, дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» - Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Макао ва ба гурӯҳи «В» - Сингапур, Сурия, Индонезия ва Ироқ дохиланд. Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба қисмати ниҳоӣ роҳ ёфта, ба қатори 22 дастае, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, ҳамроҳ мешаванд. Аз ҷумла ғолиби гурӯҳи «А» бо тимҳои олимпии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG