Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисорро дузд задааст


СД

Беш аз 60 шайъи гаронбаҳо аз осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор дуздида шудааст. Иброҳим Усмонов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Озодӣ гуфт, дуздон шомгоҳи якшанбе, 15 октябр аз осорхонаи Қалъаи Ҳисор, 21 дона сиккаи қарнҳои 14-19, лавозими ороишии занона, гулӯбанду дастпонаи нуқракӯб ва ҳатто мошинҳисоби барқиро рабудаанд.


Муовини вазири фарҳанги кишвар афзуд, ашёи рабудашуда аҳамияти муҳимми фарҳангӣ дорад ва ба феҳрести ашёи фарҳангии кишвар шомил аст. Ӯ гуфт, доду ситади ин ашё дар ҳудуди кишвар муҷоз нест. Коршиносон мегӯянд, хатари берун рафтани ашё аз ҳудуди кишвар меафзояд ва осорхона шояд ин ашёро барои ҳамеша аз даст дода бошад.


Осорхонаи Қалъаи Ҳисор, ки зери осмони боз воқеъ аст, дар таркиби худ беш аз 3 200 шайъи фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмориро гунҷонидааст.


Ҳамакнун ин барои дуввумин бор аст, ки ба иллати набуди таҷҳизоти мудерни ҳифзи осорхонаҳо дар кишвар ашёро медузданд. Бори аввал аз осорхонаи Беҳзод дар авоили сол тоблуи «Модар ва кӯдак»-и М. Нессен, мусаввири олмонӣ, ки қимати беш аз 200 000 доллар дошт, ғайб зада буд.
Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG