Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайид Иброҳими Назар: "Мафҳуми интихобот дар зеҳни мардум ба як чизи дурӯғ табдил мешавад"


Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод Дар оғози сӯҳбат бо Сайид Иброҳими Назар, раиси бахши фарҳангии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ин суол матраҳ шуд, ки ҷамъоварии панҷ дар сади раъйи мардум, яъне 162.000 имзо барои аҳзоби сиёсӣ як мушкилиӣ ҷиддӣ талаққӣ мешуд, вале ҳизбҳое, ки ҳоло дар корзори интихоботӣ ворид шуданд, бидуни кадом мушкил ин миқдори овозҳоро ҷамъ оварданд.

СИН: - Албатта, масъалаи ҷамъ кардани панҷ дар сади овозҳо воқеан ҳам барои шароити Тоҷикистон мувофиқ набуд, гарчанде барои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҷамъоварии ин имзо кори ғайриимкон набуд. Вале дар умум ба назари мо ин ҳам чизи зиёде буд. Агар шаш-ҳафт ҳизб панҷ дар садӣ имзо ҷамъоварӣ кунад, аллакай сӣ дар сади овозҳои мардум ҷамъ мешавад. Бинобар ҳамин мо ҳам дар усул тарафдори кам кардани ин рақам будем.

Маълум аст, ки Ҳизби Халқи Демократӣ барои ҷамъ кардани панҷсад ҳазор ё, як миллион мушкилие надорад, чунки тамоми ресурсҳо ва имкониятҳои ҳукуматӣ дар дасти онҳост. Аммо он ҳизбҳое, ки тоза ба қайд гирифта шуданд ва имзо ҷамъ карданд, ба ҳар ҳол инсонро дар шубҳа меорад. Ҳизбе, ки тоза ба вуҷуд омадааст ва маълум аст, ки аксарияти мардум онро намешиносанд ҳоло, чӣ гуна имзо ҷамъ карданд? Агар чанде ман далелҳои қавӣ ё ки санаде надорам, ки онҳо чӣ гуна ҷамъ карданд. Вале ба ҳар ҳол дар умум одам шубҳа мекунад, ки инҳо шояд саҳеҳ набошанд. Гурӯҳҳои ташаббускори худро ҳам намешиносанд. Аксарияти онҳоро ҳатто дар дохили шаҳри Душанбе намешиносонад чӣ расад ба дигар ноҳияҳои дурдасти кишвар. Аз аксари мардум дар бораи онҳо мепурсӣ, ҳатто хабар надоранд, ки чунин ҳизбҳо вуҷуд доранд ё не. Ин ҷо одам аллакай зери шубҳа мемонад, ки чаро, чӣ гуна, барои кӣ лозим буданд инҳо. Яъне ин аз носолимии фазои интихоботӣ дарак медиҳад.

АҚ: - Зикр кардед, ки барои кӣ лозим буданд. Албатта, посухи ин суолро нафароне, ки аз вазъ ва ҷараёноти маъракаҳои сиёсии кишвар бевосита огаҳӣ доранд аз ҷумла Шумо хоҳед дод.

СИН: - Маълум аст, ки барои ҳизби ҳоким лозим буд. Ин ҷо ҷойи шубҳа ҳам нест. Вале ман назар дорам, ки агар ҲХДТ интихоботро озод мегузошт, ҳеҷ дахолате намекард, шояд оқои Раҳмонов шаст-ҳафтод дар сад овоз мегирифт. Фазо чунин аст. Вале бо чунин амалҳое, ки ҳизбҳо месозанду фазои демократиро таври сунъӣ эҷод мекунанд, гумон мекунам пеш аз ҳама бар зарари ҲХДТ аст. Ва ба зарари престиж ва обрӯи раиси ҷумҳури оянда, ки албатта маълум аст Раҳмонов интихоб мешавад. Ва, ин ҳизбҳои маълум аст, ҳизбҳои фармоишианд. Аммо ,такрор мекунам, ки агар интихоботро озод мегузошт, ҳизбҳои дигар ба он шакле мехостанд ширкат меварзиданд, шояд ҳамон шаст-ҳафтод дар сад овозро мегирифт ва раиси ҷумҳурӣ ҳам мешуд ва дар он сурат мо барои насли баъдӣ як фазои демократиро эҷод мекардем. Пӯшида нест, фазо чунин аст, ки дигар ҳарчи ки ҳукумат мехоҳад ,ҳамон мешавад. Агарчанде, ки ҳамон овозҳои мегирифтаашро ҳам дар зеҳни мардум зери шубҳа мегузорад. Мо насли баъдиро чунин тарбият карда истодаем, ки яъне мешавад бо роҳи қаллобӣ, бо роҳи ғайривоқеӣ интихобот гузаронд, фазои демократӣ сохт. Вале, чаро мо ҳаминро бо як роҳи дуруст ва бо як роҳи демократӣ ба иҷро гузоштан наметавонем. Алъон маълум аст, ки ба зоҳир фазои демократӣ эҷод мекунанд, вале воқиан ба гумони ман бар зарари ояндаи ҷомиаи мост.

АҚ: - Оё ин гуна фазо ва демократияи мавҷуд ба вазъи равонии ҷомиа чӣ асароте хоҳад гузошт?

СИН: - Мушкил ҳам дар ҳамин аст. Аз назари банда ва ҳатто аз назари Ҳизби наҳзати исломӣ муҳимм нест, кӣ раиси ҷумҳурӣ мешавад. Агар ҳар кӣ баранда аст, мардум ӯро интихоб кард, бигзор барномаи сиёсӣ ва иқтисодиаш мухолиф бо барномаи ҳизби мо бошад, ё ба шахси ман бошад. Вале агар вақте мардум интихоб мекунад, мо бояд ӯро бипазирем ва қабул намоем. Агар воқиан интихобот бошад. Вале мушкил ҳам дар он аст ва норозигии мо ҳам дар он аст, ки барои мардум як фазои ғайривоқеӣ эҷод мекунем. Дар оянда ин барои мо як одат мешавад. Мисол, Раҳмонов ҳафт сол аст ,чаҳордаҳ сол аст, ки раиси ҷумҳурӣ мекунад. Ин масъала мушкил нест. Вале бовари мардум аз интихобот дур мешавад. Мафҳуми интихобот дар зеҳни мардум ба як чизи дурӯғ табдил мешавад, як чизи ботил мешавад. Ин мушкил аст. Мушкил ин нест, ки боз такрор мекунам оқои Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ мешавад ё оқои Ғаффоров ё каси дигар. Вале мушкил дар он аст, ки мо фазои носолиме эҷод мекунем, ки дар зеҳни онҳо, дар зеҳни ҳизбҳои сиёсӣ афроди мардум чӣ мешавад- яъне бо фазои солим намешавад. Чаро мо чунин мекунем, ба кӣ лозим аст ман инро то имрӯз барои худ ҳалл карда наметавонам.

АҚ: - Ҳизби наҳзати исломӣ, ки як замоне то ба як субъекти байналмилалӣ рушд карда ва мақомоти он аз сӯи раҳбарони дунё пазируфта мешуд ба як ҳолате омадааст, ки мегӯед, фазо барои ширкати он дар маъракаҳои сиёсӣ фароҳам нест. Чаро то ба ин дараҷа ҲНИТ мавқеъҳои худро аз даст медиҳад ва чаро шумо интизор ҳастед , ки барои шумо фазо созанд?

СИН: - Ман чунин намегуфтам, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз маъракаҳои сиёсӣ даст кашидааст. Дуруст аст ва ҷойи пинҳон кардан ҳам нест, ки рафтани устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз миёни мо барои мо ҷойи худашро дорад.Такягоҳи ҳар як нафари мо буд. Инро мо андаке қабул накардем. Воқиан ҳам як зарбаи хеле таъсирбахше ба пайкари ҳизб буд, ба ҳар яки мо буд. Шахсан барои банда буд. Вале чунин ҳам нест, ки масалан ҲНИТ як мавқеияти байналмилалӣ дошту имрӯз надорад. Имрӯз ҳам агар мавқеияти байналмилалӣ қабул ё эътирофи кишварҳои дигар бошад ,мо онро дорем. Имрӯз ҳам оқои Кабирӣ-раиси мӯҳтарами Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чанд рӯзи қабл аз хориҷа омад, аз Маскав омад , Полша рафта буд , ин чанд рӯзе пештар бо сафири Амрико мулоқот дошт. Яъне инҳо дар ҷои худ ҳастанд. Ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавқеъҳои худро аз даст надодааст. Ва дуруст аст, ки иштирок накардан дар як маъракаи муҳимми сиёсӣ бохтҳои худро дорад. Мо вақте дар раёсати олии ҳизб сари ин масъала баҳс мекардем ин масъала матраҳ буд, ки оё иштирок кардани мо кадом ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ дорад ва иштирок накарданамон. Бародарҳо дигар ба хулосае омаданд, ки иштирок накардани мо ҷиҳатҳои манфиаш камтар аст аз иштирок кардан. Баркашидем инҳоро. Ман барои Шумо ошкор мегӯям, ки дар ин масъала дар раёсати олии мо баҳси тӯлонӣ ва шадид буд. Ва фикрҳое ҳам буданд, ки чаро мо иштирок накунем. Ҳатто ёд дошта бошед, дар анҷуман як бародар хесту гуфт, ки ман ба фикри раёсат розӣ мешавам, вале дилам намехоҳад. Хулоса ба он натиҷа омаданд, ки иштирок накардан аз иштирок кардан паҳлӯҳои мусбати бештар дорад.

АҚ: - Ба ҳар сурат, Шумо интизор ҳастед, ки нафароне, ё гурӯҳе шояд ташкилоте ва ё созмоне барои Ҳизби наҳзати исломӣ фазои мусойид фароҳам кунад ва баъдан шумо вориди интихобот шавед?

СИН: - На , чунин нест. Агарчанде, ки мо фазои сиёсиро барои худамон худамон месозем. Ин иштирок накардани мо аввалан барои ҳал кардани масоили дохилиамон буд ва дуввум агарчи дар ин интихобот иштирок накунем, омодагии беҳтар барои интихоботи порлумонӣ мегирем. Баъзе мушкилоти дохилиамонро ҳал мекунем.

АҚ: - Ба назар меояд, ки мушкилоти дохилии Шумо хеле ҷиддист, ки боиси ширкат накардани Шумо дар интихобот шудааст.

СИН: - Албатта мушкилоти дохилӣ ҳама кас дорад. Мушкилоти дохилӣ як хонавода дорад.Ҳизб бе мушкилоти дохилӣ намешавад. Онҳое, ки даъво мекунанд, ки мо мушкилоти дохилӣ надорем ин ғайривоқеӣ ва ғайритабиӣ аст. Боз таъкид мекунам, ки рафтани устод Нурӣ барои мо хеле гарон буд .Маълум аст, ки ҳар як ҳизб ангезаи худро дорад, ҳар як узви мо ангезаи худро дорад. Мо аъзое дар ҳизб доштем, ки агар як миқдор барои ҳизб омада бошад , миқдори дигар ба хотири шахси Устод буд. Ва шахси Устод хеле пуртаъсир буд. Ва рафтани Устод хоҳ нохоҳ барои мо мушкилоти равонӣ эҷод кард, ҳатто як лаҳзаҳои ноумедӣ эҷод кард. Чӣ мекунем. Алҳамдуллилоҳ мо имрӯз ин марҳаларо бигузаштем.

АҚ: - Шумо дар мавриди шароити баъди интихоботии кишвар ишораҳо кардед. Ба назари Шумо, баъди интихобот ва маълум шудани раиси нави ҷумҳурӣ фазои сиёсии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд? Баъзе коршиносон ақида доранд, ки фишори мақомот рӯи аҳзоби мухолиф ва матбуот шиддат меёбад.

СИН: - Ҳизби наҳзати исломӣ як тарафи сулҳ буд ва ҳаст. Ҳама вақт шумо огаҳ ҳастед, ки барои мо арзиши сулҳ аз ҳама чиз болотар аст. Дар интихоботи порлумонии гузашта ҳам мо аз бисёр чизҳо гузашт кардем. Фақат ба хотири он ки нооромӣ набошаду сулҳ бошад. Ва агар ҳизби ҳоким ё ҳокимияти давлатӣ чунин кунад, фазои носолиме ба вуҷуд меояд дар ҷумҳурӣ. Ман бовар надорам, ки чунин кунанд. Чунки қабл аз ҳама бар зарари худи онҳост. Ва фазои андаке, сулҳ ,ки ба вуҷуд овардаем , бо қиммати андаке ба вуҷуд наомадааст. Ман гумон мекунам, ин фазо ва арзиши он аз садҳо интихоботу раиси ҷумҳуришавӣ болотар аст. Фазое, ки мо имрӯз як сулҳи нисбатан дорем. Агар ҳар кӣ бошад чӣ ҳокимияти давлатӣ чӣ аҳзоби сиёсӣ ва чӣ гурӯҳҳое, ки агар ба фазои сулҳи эҷодшуда хатар эҷод кунад, ҲНИТ ба он мухолифат мекунад.

АҚ: - Шумо пештар зикр кардед, ки ҳар чизе , ки онҳо мехоҳанд ҳамон мешавад. Пас аз интихобот агар фишорҳо афзоиш ёбад аз сӯи гурӯҳи баранда дар интихобот чӣ кор мекунед?

СИН: - Аввалан, ман гумон намекунам, ки ҳизби ҳоким ё ҳокимияти давлатӣ ҳам ба чунин иқдом даст занад, чунки ин бар зарари онҳост. Ноором кардани ҷомеа қабл аз ҳама бар зарари ҳизби ҳоким ё ҳокимияти давлатист. Ва ман бовар надорам, ки онҳо ба чунин иқдомҳои шадиде даст зананд. Дуввум, умед дорам, мардуми мо, агарчанде дуруст аст, фарҳанги сиёсиамон ба он дараҷае нарасидааст, ки ба ин корҳо даст занем. Умед дорам, ки фарҳанги сиёсии чӣ мардум, чӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва чӣ ҳизби ҳоким иҷозат надиҳад, ки мо ба чунин як ҳолати мухолифати ошкор даст бизанем. Худо накунад, кор то ба ин ҷо бирасад, зеро ин бар зарари ҳама аст. Ва Ҳизби наҳзати исломӣ то қадри имкон мекӯшад чунин фазое ба вуҷуд наояд. Ҳамчунон ки дар ҳама марҳалаҳо барои мо сулҳ азизтару қиматтар буд ва мо иқдомҳое кардем, ки гоҳе аз онҳо маломат низ шунидем ва гоҳо таъриф, хуллас дар ҳар мавқеият раёсати мо, ки аз афроди огаҳ ва бофарҳанг таркиб ёфтааст, тасмимҳои баркашида ва ботавозуне мегирад, ки ба нафъи ҳам ҷомеа ва ҳам ҳизб бошад.

АҚ: - Аз назари Шумо, оё интихоботе, ки имрӯз дар Тоҷикистон сурат мегирад, то кадом поя ба мавозини байналмиллалӣ мутобиқат дорад?

СИН: - Зоҳиран интихобот аст. Таблиғ дорем, дар кӯчаҳо плакатҳо овезон, мардум мераванд ,раъй медиҳанд. Натиҷаи онро, худо кунад, ки соҳибдастҳо, онҳое, ки қудрату қуттӣ дар дасташон аст, инсоф кунанд, фикри ҷомиаву ақаллан фарзандони худашонро кунанду интихобот кунанд. Зоҳиран интихобот аст, наметавонем гӯем, интихобот нест. Чӣ қадар тақаллуб мекунанд, чӣ қадар аҳзобе, ки имрӯз ба зоҳир 5% овоз гирифтан, дар интихобот 5% овоз мегиранд ё не. Баъд шавад, ки 5% дар садӣ овоз ҷамъ кунанду дар интихобот 0,02 ё 0,2% овоз бигиранд, ин баҳси ҷудогона аст.
XS
SM
MD
LG