Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши маводди ҳастаӣ аз тариқи Тоҷикистон?


Валерий Земсков, дастёри аршади дабири кулли Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ зимни баррасии масоили ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ ва таъсиси минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ки зимни як нишаст дар Душанбе матраҳ мешуд, гуфт, ба иллати он ки Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати минтақаӣ, ҳамчунин аҳдофи абарқудратҳо қарор дорад, эҳтимоли густариши маводди ҳастаӣ аз тариқи ин кишвар бештар ба назар мерасад.

Оқои Земсков дар нишасти мазкур, ки бо ширкати намояндагони кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ, ҳамчунин Ирон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд баргузор шуд, ба дасти гурӯҳҳои террористӣ уфтодани силоҳи ҳастаиро аз таҳдидҳои ҷиддии байналмилалӣ унвон кард:

"Густариши тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз сӯи кишварҳои ҷудогона он қадр хавфи ҷиддиеро мутаваҷҷеҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ намекунад, ки ба дасти созмонҳои терористӣ расидани силоҳи ҳастав хавф дорад. Зеро ин созмонҳо ҳеҷ гоҳ ва аз сӯи касе назорат намешавад ва онҳо метавонанд ин таслиҳотро дар ҳар ҳолат мавриди истифода қарор диҳанд."

Дар ҳамин ҳол, Акрам Ҷӯраев, корманди илмии пажӯҳишгоҳи физики Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни 5 озмоишгоҳи бузурги ҳастаии кишварҳои ҳамсоя қарор дорад ва хатари олудагӣ қаламрави минтақаро бештар аз тавсеъаи аслиҳаи ҳастаӣ таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ озмоишҳои ҳастаии Покистону Ҳинд дар соли 1998 то кунун таъсири худ дар минтақаро ба гунаи манфӣ гузоштааст.

Вале оқои Ҷураев афзуд, таъсиси минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ кишварҳои минтақаро аз ҳадафи силоҳи ҳастаии абарқудратҳо раҳо хоҳад кард:

«Таъсиси минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ амали хеле гаронарзиш аст. Зеро ҳар кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ҳадафи таслиҳотии худро дорад ва кишварҳои мо ҳадафи ин таслиҳот қарор доранд. Қарордоди ҷаҳоние ҳаст, ки агар кишваре ё минтақае худро минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ эълом кунад, абарқудратҳо муваззафанд ҳадафи силоҳи худ ва назорат бар кишвар ё минтақаи шуморо хотима диҳад. Яъне пас аз ин моро хатари силоҳи ҳастаӣ таҳдид нахоҳад кард.»

Оқои Ҷӯраев меафзояд, далели адами шиносоии Осиёи Марказӣ ба унвони як минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ аз сӯи қудратҳое чун Амрикову Чин мушаххас набудани марзу ҳудуди ин минтақа аст. Зеро, ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, кишварҳои абарқудрат муътақиданд, ки мо қасд дорем дар маҳдудаи Осиёи Марказӣ Эрону Покистону Афғонистонро низ шомил кунем.
XS
SM
MD
LG