Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медоли гуштигирони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Тими мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар шаҳри Маскави Русия чаҳор медол - 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири куллии Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот наздики 640 гуштигир аз 32 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд ва рақобатҳо байни ҷавонмардону духтарон мувофиқи синну сол ва вазни гуштигирон сурат гирифт. Вай афзуд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 16 нафар гуштигирони ҷавонмарди кишвар намояндагӣ карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни гуштигирони то 18-сола Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни 90 килограмм мақоми дуввумро касб карда, соҳиби медоли нуқра шуд. Вай дар рақобати ниҳоӣ аз гуштигири Беларус Андрей Кипсевич шикаст хӯрд. Ду паҳлавони дигари тоҷик Далер Мусофиров дар вазни 62 килограмм ва Шавкат Иқболов дар вазни беш аз 100 килограмм медолҳои биринҷӣ гирифтанд. Дар сабқати гуштигирони то 20-сола гуштигири тоҷик Искандар Субҳонов, ки дар рақобати ниҳоӣ дар вазни 81 килограмм аз паҳлавони гурҷӣ Нико Кутсиа мағлуб шуд, сазовори медоли нуқра гардид.

Бад-ин тартиб дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон - Русия бо 15 медоли тилло, 8 нуқра ва 11 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Дастаи Беларус бо 6 медоли тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Тими Қазоқистон бо 4 медоли тилло, 3 нуқра ва 15 биринҷӣ мақоми саввумро ишғол намуд. Тими мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медоли нуқра ва 2 нишони биринҷӣ дар ҷойгоҳи даҳум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG