Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш 'мухолифи тақсими Ироқ' аст


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфтааст, ки мухолифи тақсими Ироқ ба бахшҳои курднишин, шиъанишин ва суннинишин аст. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи телевизюнии Фокс Нйуз гуфт, ки эҷоди се минтақаи худмухтор ошуфтагии бештареро дар кишвар дар пай хоҳад дошт.


Пештар дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико гуфта буд, ки оқои Буш ҳамчунон ба давлати Нурӣ Комил ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, эътимод дорад, аммо муътақид аст, ки барои фурӯ нишондани хушунат дар ин кишвар бояд корҳои бештаре анҷом бигирад.


Тонӣ Сноу, сухангӯи Кохи Сафеди амрико, мизони хушунатҳо дар Ироқро "комилан ғайри қобили қабул" тавсиф кард. Вай гуфт, ки Ҷорҷ Буш дар як тамоси телефонӣ бо оқои Моликӣ ба ӯ итминон додааст, ки қасд надорад то замони касби тавоноии комили нирӯҳои амниятии Ироқ нирӯҳои амрикоиро аз он кишвар берун оварад.
XS
SM
MD
LG