Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди муҳлати сабти номи нозирони байналмилалӣ


Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон муҳлати сабти номи нозирони байналмилалии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро тамдид кардааст.


Тибқи қонуни интихобот, нозирони байналмилалӣ на дертар аз бист рӯз ва нозирони маҳаллӣ на дертар аз даҳ рӯз то интихобот бояд сабти ном шаванд. Муҳлати сабти номи нозирони байналмилалӣ қарор буд рӯзи сешанбе, 17октябр ба анҷом бирасад, вале бино ба иттилоъи Кумисиюни Марказии Интихобот, на ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ барои ироаи феҳрести нозирони худ ба ин ниҳоди нозир ва танзимкунандаи интихобот фурсат ёфтаанд. Аз ин рӯ ин ниҳоди интихоботӣ тасмим гирифтааст муҳлати сабти номи нозирони байналмилалиро то ба рӯзи баргузории раъйгирӣ тамдид кунад.


Ба гуфтаи Кумисиюни Марказии Интихобот, то кунун беш аз 260 нозири байналмилалӣ сабти ном шудаанд. Интизор меравад 12 000 нафар ҷараёни интихоботи шашуми ноябрро назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG