Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Як овози ман чӣ кор карда метавонад?»


Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ба синни ҳаждаҳ расидааст, ҳаққи раъйдиҳӣ дорад. Вай метавонад ба ҷонибдории яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон раъй диҳад, ё надиҳад.

Ҳарчанд рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ наздиктар мешавад ва таблиғоти номзадҳо ба ин мақом зиёдтар, вале бисёре аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, ки ба раъйдиҳӣ намераванд. Ориёнфари Анӯшервон, ки дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ ширкат кардааст, мегӯяд дар рӯзи интихоботи навбатӣ ширкат намекунад:

«Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ шоҳид будам, ҳаштод фисади овозҳое, ки ба ҷонибдории каси дигар одамон дода буданд, якбора ба тарафдории номзади дигар гузаронида шуд. Дар ҳоле ки ҳукуматдорон метавонанд ҳаштод фисад овози як номзадро ба кадом тарафе, ки хоҳанд гузаронанд, як овози ман чӣ кор карда метавонад? Барои ҳамин рафтан намехоҳам»

Сайидабонуи Қурбон, корманди маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки то кунун дар интихоботе ширкат накардааст, аслан хоҳиши дар рӯзи интихобот ба ҳавзаи овоздиҳии маҳаллаашон ҳозир шуданро надорад. Ба андешаи ӯ як овоз наметавонад дар дигаргуншавии ҳаёти сиёсӣ, хусусан интихоби номзади арзанда таъсири амиқ гузорад:

«Ба овоздиҳӣ намеравам, чунки аллакай пирӯз шудани кадом номзад маълум аст. Овоз додан ва ё овоз надодани ман нақши муҳим бозида наметавонад. Аз чор кондиди дигар, ки номзадии худро пешбарӣ кардаанд, ягон коре ё ягон барномаҳои тарғиботиеро намебинам, то сафи ҷонибдоронашон зиёд шавад, ҷуз президенти кунунӣ. Боқимондаи кор дар дасти худи онҳост».

Дар ҳамин ҳол Дилбар Самадова, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи райисиҷумҳурро номашрӯъ эълон кардааст, гуфт, шояд номзадҳое, ки ба мақоми райисиҷумҳур пешниҳод шудаанд, шоиста нестанд ва ба ҳамин хотир ҷавонон майли рафтан ба раъйдиҳиро надоранд. Аммо ӯ мегӯяд:

«Сабаби аввалаш паст будани дониши сиёсии ҷавонон аст. Дуввум, он ки ҷавонон аз паси ташвиши рӯзгоранд ва севвум, ин ки ба ояндаи дурашон ва шаффофияти интихобот бовар надоранд. Интихоботи пешин ҷавононро каме ноумед сохтааст. Онҳо бояд дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ба воя расанд. Дигар ин ки онҳо бояд худро аз ҳар воқеаҳои сиёсии ҷомеа дар канор нагиранд, бахусус, ки интихобот тақдири миллатро ҳал мекунад».

Бархе аз мусоҳибони ҷавонони мо эътироф мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов, президенти феълии Тоҷикистон имкони бештари пирӯзӣ дар интихоботро дорад. Аз ин сабаб, мегӯянд, онҳо раъй надиҳанд ҳам, ҷаноби Раҳмонов дигарбора райисиҷумҳур интихоб хоҳад шуд. Хуршед Сайфиддинов - донишҷӯйи донишгоҳи техникӣ гуфт, ҳатман дар ҳавзаҳои интихоботӣ таъкид хоҳанд кард, ки ба ҷонибдории кадом номзад раъй диҳанд ва аз ин хотир ӯ намехоҳад зери фишор ба касе овоз диҳад:

«Аз гузаронидани интихобот фойидае ҳам нест. Ба интихобот рафта овоз диҳӣ низ онҳо боз кори худро мекунанд, одами худашонро мегузаронанд. Барои он ки Эмомалӣ Раҳмонов нисбат ба дигарон обрӯйи бисёр дорад ва хоҳию нахоҳӣ боз Раҳмонов президент мешавад. Бар иловаи ин дар ҳавзаи интихоботӣ мегӯянд, ки ба варақаи овоздиҳиро ба фалон ҷой парто ва ба фалон кас овоз деҳ. Боз проблемаҳои зиёдатӣ. Беҳтараш намеравам»

Аммо дар баробари ин, ҷавононе ҳам ҳастанд, ки намехоҳанд касе ба ҷойи онҳо раъй диҳад. Онҳо ният доранд ҳатман дар рӯзи овоздиҳӣ ширкат кунанд ва ба ҷонибдории яке аз номзади арзанда овоз диҳанд. Муҳайё Нозимова, донишҷӯйи донишгоҳи миллӣ гуфт, новобаста аз он ки овози онҳо ба назар гирифта мешавад ё на, ҳар кас бояд ҳаққи раъйдиҳии худро ҳифз кунад:

«Албатта, ба овоздиҳӣ меравам. Агар наравам, мумкин аст ба ҷойи ман каси дигар овоз диҳад. Зарур мешуморам, ки ҳар кас дар интихобот фаъолона ширкат кунад ва аз ҳуқуқи овоздиҳии худ истифода барад».

Ӯ мегӯяд, агарчӣ намедонад раъйи ӯ то кадом андоза ба тасмимгмириҳои ҳукумат таъсир мерасонад, аммо ба ҳар сурат инсон бояд аз ҳар ҳуқуқи худ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG