Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашф ва мусодираи беш аз 140 кило маводди мухаддир


Тайи чаҳор рӯзи ахир кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддир дар вилояти Суғд ба иттифоқи ҳамтоёни худ аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шимоли кишвар тақрибан 140 кило маводди мухаддирро аз қочоқгарон кашф ва мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи Акбар Адҳамов - раиси ситоди ожонси мазкур дар Хуҷанд, миқдори зиёди маводди мухаддири мусодирашуда иборат аз ҳероин буда, он зимни ду маврид амалиёти ҷудогона дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд дар бисоти коҷокчиён дарёфт шудааст. Оқои Адҳамов гуфт, дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан як мошини «Камаз» боздошт шуд, ки ҳангоми муъоинаи он 55 бастаи плостикӣ (селлофанӣ) бо беш аз 60 кило ҳероин дарёфт ва мусодира шуд. Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва шахсони гумонбар боздошт карда шудаанд.

Ба гуфтаи сарҳанг (полковник) Адҳамов, афроди гумонбар ба қочоқи 60 кило ҳероин яке сокини шаҳри Душанбе ва дуи дигар иқоматкунандагони Истаравшан будаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи ин ожонс, тақрибан ҳамзамон бо ҳодисаи боздошти қочоқгарон дар Истаравшан кормандони умури мубориза бо доду ситади ғайриқонунии маводди мухаддир дар вазорати дохилаи Тоҷикистон аз муъовини як посгоҳи марзии Панҷакент 60 кило афюн ва аз манзили як сокини дигари ин маҳал беш аз чаҳор кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд.

Ба иттилоъи Ожонси назорат бар маводди мухаддир дар вилояти Суғд, дар тӯли моҳҳои гузаштаи соли равон дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон беш аз 400 кило маводди мухаддир тавассути тамоми ниҳодҳои марбута мусодира шудааст, ки беш аз 250 килои онро ҳероин ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, қочоқгарон мехостанд маводди мухаддирро ба Хуҷанд ва аз тариқи Хуҷанд ба кишварҳои дигар интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG