Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони кулли Тоҷикистон: "парвандаи Ҳ Насруллоев баста намешавад".


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи душанбеи 16 октябр гуфт, Ҳабибулло Насруллоев, раиси собиқи «Тоҷикматлубот» ҳанӯз мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор дорад ва додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноии ӯро дар даст дорад.

Ин изҳороти додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки чанд рӯз қабл додгоҳи шаҳри Маскави Русия аз истирдоди оқои Насруллоев ба Тоҷикистон худдорӣ кард ва ӯро мустақиман аз толори ҷаласаи додгоҳ раҳо намудаст. Аммо Бобоҷон Бобохонов мӯътақид аст, ки Ҳабибулло Насруллоев, ва ҳамчунин чанд нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Абдумалик Абдуллоҷонов, Маҳмуд Худойбердиев ва Хӯҷа Каримов низ мавриди пайгарданд ва бояд боздошт шаванд:
«Парвандаи ҷиноӣ дар муқобили онҳо баста нашудааст, онҳо то замоне зинда ҳастанд, тафтишот одома хоҳад кард. Кай онҳо боздошт мешаванд, ин суоли дигар аст. Ҳамаи онҳо дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд. Матолиби тафтишотиро вазорати дохила ба мақомоти масъул пешниҳод кардааст. Чун онҳо дар хориҷ аз кишвар пинҳон шудаанд, боздошти онҳо танҳо ба мақомоти кишвари мо марбут нест".

Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, Насруллоев, Абдуллоҷонов ва Худойбердиев, дар баробари ҷиноятҳои куштору ғорати амволи давлатӣ ҳамчунин дар кӯшиши анҷоми табаддулоти давлатӣ гумонбар дониста мешаванд.
Аммо ин дар ҳолест, ки дар ин авохир сару садоҳо дар мавриди чеҳраҳои дигари шинохтаи боздоштшуда, ба мисли Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов, ки феълан зиндонианд,шунида мешавад.

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии онҳо, хуб аст ва сару садоҳо дар мавриди он ки гӯё Ғаффор Мирзоев сахт мариз аст ва ё фавтида, бепоя мебошанд.
Ҳамзамон бо ин Сайдаҳмад Ҷамолов, сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар боздоштгоҳи тафтишоти қаблӣ нигаҳдори шудани Ғаффор Мирзоев ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ дар муқобили онҳоро рад кард.


Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искадаров аз қумондонҳои замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз теъдоди он афроде мебошанд, ки бо дархости додситонии кулли Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд ва дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ки дар Тоҷикистон онҳо мутаносибан 15 ва 23 сол маҳкум ба зиндон шуданд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG