Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устоди тармимгари бритониёӣ рубоби панҷсадсолаи бадахширо барқӣ кардааст


Тамара Зайченко, ҳамсари Гурминҷ Завҷибеков, ҳунарманди аршади синамои тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тӯли 7 рӯз дар назди осорхонаи Гурминҷ Завқибеков Эндрю Сримшоу, як устоди бритониёӣ ба устоҳои маҳаллӣ дарси маҳорати тармими созҳои қадима дод. Хонум Зайченко афзуд, ин устоди тармимгар асбобҳои қадимаи тоҷикиро, ки умри ҳудудан якҳазорсола доранд, эҳё ва бо асбобҳои электронӣ муҷаҳҳаз кардааст.

Иқбол Завқибеков, раиси осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков мегӯяд, тору тамбур рубобҳои панҷсадсолаи бадахшӣ, ки дар осорхона маҳфузанд, бо кӯшиши устои бритонӣ, Эндрю Сримшоу аз дигар зинда шудаанд, ки ҳамакнун хонандаи сомонаи Радиои Озодӣ агар ба пахши мустақими барномаҳои мо нохун занад, имкон дорад, садои ин асбобҳоро, ки садсолаҳо муқаддам дар наво будаанд, бишнавад...

Иқбол Завқибеков мегӯяд, ин созҳо тавассути чип, ё асбобҳои кӯчаки электронӣ боз соҳиби садои қаблӣ ва қавӣ шудаанд:

«Мо як гурӯҳи асбобро барои ансамбли мукаммал ҳамингуна чипҳои электронӣ нишондем ва навозандаҳо имкон доранд, онҳоро бевосита навозанд, дар консертҳо, ҷашнвораҳо»

Эндрю Сримшоу дар тӯли 4 рӯз садҳо тору ғижжак, гитор, уду сеторро, ки шикастурехт дидаанд, аз дигар устувор кард. Ҳамзамон устоҳои маҳаллӣ, ки бо эҳёи созҳои миллӣ сару кор доранд, дар мактаби ҳунарии устоди бритонӣ сабақ бардоштанд.

Ҳадаф аз Лоиҳаи мазбури осорхонаи Гурминҷ Завқибеков, ки онро созмони ҷаҳонии «Эҳёи бидуни марз» ва Бунёди салибии Бритониёвӣ (Кристиан Фонд) сарпарастӣ кардаанд, тармими ройгони асбобҳои мусиқаи қадима дар Тоҷикистон будааст. Бар тибқи лоиҳа, ҳамзамон дар ҳаволии осорхона шурӯъ аз моҳи май то октябр, ҳар рӯзи шанбе як барномаи ҳунарии гурӯҳҳои мардумӣ - фолклорӣ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG