Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати Исломии Узбакистон: Мушкили танҳо Узбакистон ва ё тамоми минтақа?


Хадамоти амниятии Узбакистон талош дорад, Ҳаракати исломии ин кишварро ба ҳайси як мушкили минтақаӣ муаррифӣ кунад. Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, сарвари идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Ввазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотии масъулини ин вазорат гуфт, кӯшишҳои аз Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба вуҷуд овардани Ҳаракати исломии Туркистон бофтаи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон аст:


«Он Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боқӣ мемонад. Ҳама медонанд, ки ин мушкили имрӯзи Ӯзбакистон аст. Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мехоҳад он ҷо мушкил ба миён орад. Тоҷикистону Қирғизистон барои онҳо минҳайси як пойгоҳи таъминотӣ яъне гузаргоҳ хизмат мекунанд.»


Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бештари коршиносон дар ҳайати Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки ҳоло бо номи Ҳаракати исломии Туркистон ёд мешавад ва марказаш дар вилояти Вазиристони Покистон аст, мухолифин ва гурӯҳҳои тундрави исломии Осиёи Марказӣ, аз ҷумлаи ӯзбакҳо, тоҷикон, ҳамчунин уйғурҳои Чин ва чеченҳои Русия шомил шудаанд.


Ва низ Тоҳир Юлдошев, тариқи шабакаи интернет дар солгарди фоҷиаи 11 сентябри Нюйорк раисҷумҳурони Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳушдор дода буд, ки ба мусалмонони кишварҳояшон фишор наоранд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.


Ва аммо Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, сарвари идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бо Ҳизби мамнӯъи Таҳрир фаъолияти муштарак дорад. Зеро дар бархе аз ҷиноёте, ки ошкор шудааст, аъзои ҳар ду ҳизб даст доштаанд. Вай афзуд, дар мубориза алайҳи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон умдатан бо ниҳодҳои амниятии Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад.


Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, сарвари идораи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҳудуди 60 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон таҳти муроқибати нируҳои амниятии кишвар қарор доранд ва ӯ итминон дорад, ки ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҳизби Таҳрир дар ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳеҷ хатареро ба миён нахоҳанд овард.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG