Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои таэквондои Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи таэквон-до ITF бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба поён расид.

Сездаҳумин давраи мусобиқот бо ширкати беш аз 200 варзишкор аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар шаҳри Душанбе тайи ду рӯз идома кард. Варзишкорони Душанбе 19 медоли тилло, 17 нуқра ва 27 биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи вилояти Суғд бо 2 медоли тилло, 2 нуқра ва 10 биринҷӣ мақоми дуввумро касб намуд. Тими вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо 1 медоли нуқра ва 2 биринҷӣ дар мақоми севвум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ миёни варзишкорони хурдсол намояндагони Душанбе Баҳром Гадоев, Шариф Муродов, Шерзод Ҳомидов ва Муфтоҳиддин Нарзуллозода пирӯз шуданд. Дар байни варзишкорони 13-сола низ аъзои дастаи Душанбе Алишер Аҳмадов, Таҳмураз ва Фаромурз Халилӣ, ҳамчунин намояндаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Расул Розиқов ғолиб омаданд. Миёни варзишкорони аз 14-сола боло шаш нафар аз тими Душанбе - Лабиб Икромов, Парвиз Муродов, Фирдавс Ҳомидов, Манучеҳр Отамбеков, Далер Мӯъминов ва Далер Шарифӣ ва намояндаи шаҳри Истаравшан Ҷамшед Бозоров дар вазни худ мақоми аввалро касб карданд. Далер Шарифӣ, ҳамчунин дар рақобатҳо миёни мардон ва ҳамшаҳрии ӯ Азиза Қаюмова дар сабқати занон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар рақобатҳо байни духтарон варзишкорони Душанбе Зӯҳро Холова ва Риана Галимова дар вазни худ дар мақоми аввал қарор гирифтанд. Зарина Икромова аз Душанбе дар вазни мутлақ соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуд. Боз як варзишкори Душанбе Улуғбек Аҳмадов дар машқҳои маҷмӯъӣ мақоми аввалро ишғол кард.
Вале Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ба иллати набуди маблағ варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (моҳи ноябр дар Ҳиндустон) ва Ҷоми Аврупо (моҳи декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия) ширкат намеварзанд.
XS
SM
MD
LG