Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи маъракаи таблиғотӣ дар Тоҷикистон (Аксҳо)


бештар дар истгоҳҳо овезонанд. дар маконҳои серодам шарҳи ҳол ва нукоти муҳимми барномаҳои номзадон дар кӯчаву хиёбонҳо Аксҳо

Дар Тоҷикистон маъракаи таблиғотии номзадон ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Аксҳо, шарҳи ҳол ва нукоти муҳимми барномаҳои номзадон дар кӯчаву хиёбонҳо, дар маконҳои серодам, бештар дар истгоҳҳо овезонанд.


Ҳар як номзад ва афроди боэътимоди ӯ ҳақ доранд, аз расонаҳои хабарии давлатӣ ройгон истифода намоянд.


Ва аммо таблиғи иловагии номзад ва барномаҳои ӯ дар расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ва истифода аз роҳҳои дигари таблиғот ба мисли овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва маъракаҳои мухталифи таблиғотӣ аз ғафсии кисаи номзад, ҳизбаш ва тарафдоронаш бастагӣ дорад.





XS
SM
MD
LG