Пайвандҳои дастрасӣ

Таваҷҷӯҳи сармоягузорони қазоқ ба бахши энержии Тоҷикистон


Қазоқистон қасд дорад дар бахши энержии Тоҷикистон 800 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад. Ин тасмим дар пайи боздиди ҳайати Бунёди сармоягузории ин кишвар аз Тоҷикистон ахиран иттихоз ва эълом шудааст. Ҳайати мазкур тайи як ҳафтаи боздиди худ аз Тоҷикистон роҳҳо ва имконоти сармогузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистонро бо ниҳодҳои зирабти ин кишвар баҳс намудааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти сафорати ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе Бунёди сармоягузории ин кишвар ба дунболи боздиди худ аз Тоҷикистон бастаи мушаххасе аз пешниҳодотро дар заминаи сармоягузорӣ ба вазорати энержии Тоҷикистон ироа додааст. Бар асоси ин бастаи пешниҳодот дар назар аст бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон дар имтидоди рудхонаи Зарафшон дар шимоли Тоҷикисто се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардад. Ҳамчунин ҷониби Қазоқистон алоқаманд аст дар заминаи эҳдоси ин нерӯгоҳҳо барои судури барқ аз шимоли Тоҷикистон ба Қазоқистон миёни шаҳри Хуҷанд ва Шимкенти ин кишвар як хатти нави интиқол барқ бунёд гардад.
XS
SM
MD
LG