Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллоҳои итолиёвии маълулони тоҷик


«Умед доштам, ки дар бозии сеюмаш ман соҳиби медоли тилло мегардам. Ман дар ин бозӣ, ки аз рӯи дав буд нағз иштирок кардам.»

Шояд маҳз ҳамин эътимодаш ба ғолибият буд, ки Ҷунайдулло Алиев, тарбиятгирандаи 20-солаи литсей-интернатӣ Тоҷикистон дар бозиҳои махсуси урупоии олимпии ҷавонон яке аз барандагони медоли тилло ва дар давидан сазовори ҷойи аввал гаштааст. Дар қатори Ҷунайдулло дар ин бозиҳо, ки дар пойтахти Италия-шаҳри Рум баргузор гардид, Тоҷикистонро боз 3 варзишгари маълули дигар - Умед Назарови 20- сола , Санавбар Халиловаи 18- сола ва Нилуфар Дадабоева, ки 13 сол дорад, муаррифӣ карданд.

Дар миёни 1.700 варзишгар аз 58 кишвари Авруосиё, ки дар 14 риштаи варзиш рақобат карданд, чаҳор варзишгари маълули тоҷик тавонистанд, 3 медоли тилло ва як медоли биринҷӣ ба даст оранд.

Дилбар Шарифова , раҳбари барномаи тоҷикистонии Special Olimpics ё Олимпиадаи махсус, ки дар ин сафар ҷавонони варзишгарро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, дар мусобиқоти мазкур аз ҳама кам Тоҷикистон намоянда дошт, вале бо вуҷуди ин аксарият бо ғолибият баргаштанд.

«Албатта барои ин қадар нафар одамоне, ки он ҷо буданд, гурӯҳи 30-нафара ҳатто то 80 нафар аз як кишвар ширкат мекарданд. Аз ҳама камтарин гурӯҳи мо буд, аммо медоли зиёд гирифтем, чун бачаҳои мо хеле омодагии хуб дида буданд барои ғолиб шудан»

Ба гуфтаи Дилбар Шарифова, рақибони вазишгарони тоҷик дар ин бозиҳои аврупоии олимпии ҷавонон аксаран намояндагони кишварҳои мутараққӣ ва аз ҷиҳати варзишӣ пешрафта буданд, аммо бо вуҷуди ин варзишгарони маълули тоҷик ҳам қувваозмоии хуб нишон доданд. Ҷунайдулло, яке аз ширкатдорони ин бозиҳо мегӯяд, ҳангоми ин сафар ӯ аз вазъи шароити варзишгарони маълули Италия ҳам дидан кардааст.

«Бо интернатҳои Италия шинос шудем. Шароитҳояшон аз мо фарқ мекард. Хеле хуб буд.»

Нилуфар Додобоева, тарбиятгирандаи хона-интернати кӯдакони маълули Чорбоғ, ки дар ин мусобиқот ҷойи дуввумро ишғол кардааст, мегӯяд .

«Ман ба ғолибият наздик будам, танҳо як духтарро натавонистам дар бозии дав пеш кунам, агар ҳамонро пеш мекардам соҳиби медоли тилло мешудам»

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор ҷавонону наврасони камрушд ва маълул ба варзиш шуғл меварзанд. Ҷавонону наврасони маълули тоҷик солҳои қаблӣ ҳам дар чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Амрико, Япония ва дигар кишварҳо ширкат карда буданд, вале ба гуфтаи Дилбар Шарифова, масъули барномаи Special Olimpics солҳои ахир таваҷҷӯҳи худи ҷавонон ва ҳам ҷалби онҳо ба варзиш аз ҷониби масъулони соҳа бештар гардидааст, зеро ба гуфти ӯ барои ҷавононе, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва фикрронӣ камтар рушд кардаанд, варзиш аз ҳама ҷиҳат мувофиқ ва мусоид аст.

«Албатта мо бо наврасону ҷавонон дар хона интернатҳо зуд-зуд бозиҳои варзишӣ ташкил мекунем, бо онҳо кор мекунем. Ба мо на натиҷа, балки ҷалб кардани онҳо ба варзиш муҳимтар аст. Бисёр хуб мешуд агар барои чунин ҷавонон камрушд дар хонаинтернатҳо майдонҳои варзишӣ ҷудо карда шавад ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардад. »

Аммо Ҷунайдулло орзу дорад, чун варзишгари машҳур дар дигар мусобиқоти ҷаҳонӣ миёни чунин ҷавонон ширкат кунад.

«Кӯмаку дастгирӣ кунанд боз ба дигар кишварҳои пешрафта сафар карда дар бозиҳои ҷаҳонё иштирок кунем ва ҷаҳонбинии мо ҳам васеъ гардад.»

Вале Нилуфар орзуи дигаре дорад.

«Мехоҳам, ки кӯдакон ҳамеша саломат бошанд, ягон ҷояшон дард накунад. Ҳамеша хушбахт бошанд. Дар назди падару модарҳояшон бошанд ва нашавад, ки дар хона интернатҳо бимонанд.»

Ҳамчунин барномаи Олимпиадаи махсус нақша дорад, 30 нафар наврасу ҷавони дигарро барои бозиҳои ҷаҳонӣ, ки соли оянда дар Хитой баргузор мегардад, омода кунад.
XS
SM
MD
LG