Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Равзана"-и бонувони тоҷик "ба ҷаҳон"


Матолиби нахустшумораи маҷаллаи вижаи бонувон зери исми «Равзана ба ҷаҳон»,ки бо теъдоди 1000 нусха ба дасти хонандаҳо расидааст, бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ расидааст.

Марям Давлатова, сардабири маҷаллаи навтаъсиси «Равзана ба ҷаҳон» зимни сипос аз сарпарастони маҷаллаи мазбур аз ҷумла САҲА, Бунёди Сорос ва барномаи рушди СММ гуфт, яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи маҷаллаи мазбур ин аст, ки бахши аъзами матолиби он таҳлиливу таҳқиқӣ хоҳад буд.

«Ба қайдгирии маҷалллаи мо бо мушкилоти девонсолорӣ хеле тӯл кашид ва баъзе аз матолиби шумораи нахустини он кӯҳна шуд. То интихобот агар боз ягон мушкил пеш наояд ва мо шумораи дуввумро чоп кунем, ҳатман дар он ба мавзӯъи интихобот ва мавқеи зани тоҷик дар чунин маъракаҳои сиёсиро ба инобат хоҳем гирифт.»

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, раиси дафтари бунёди Сорос дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки танҳо дар сурате маҷаллаи навтаъсиси «Равзана ба ҷаҳон» муваффақ ва мақбули хонанда мегардад, ки аз назари матолибу мавқеъ такрори маҷаллаҳои дигар набошад.

«Якрангӣ моли замони Шӯравӣ аст. Бинобар ин мо бояд аз он даст кашем. Бояд мавқеъ ва матолиби ин маҷалла куллан нав бошад ва такрору забонзада набошад. Ҳамон вақт ин маҷалла хонанда пайдо мекунад.»

Матолиби нахустшумораи маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» аз ҷумла, чунин номгузорӣ шудаанд, «Мақоми зани тоҷик дар ҷомеъаи кунунӣ», «Волидон ва фарзандон», «Наврасон дар бораи HIV СПИД», «Суолҳои беҷавоб», «Вожанома»,ва «Китобхонаи мо»

Ба ин тартиб, дар Тоҷикистон чаҳор маҷалла барои занон: «Фирӯза», «Гуфтугӯ» ва инак ду маҷаллаи тозатаъсис- «Бонувони Тоҷикистон» ва «Равзана ба ҷаҳон» нашр мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG