Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният Кореяи Шимолиро таҳрим кард


NCA Аъзои Шӯрои амнияти СММ барои ҷорисозии таҳрими моливу таслеҳотӣ ба Кореяи Шимолӣ якдилона овоз доданд.Таҳрими мазкур муҷозотест барои озмоиши аслиҳаи ҳастаӣ, ки рӯзи душанбе аз ҷониби Пйонгянг анҷом дода шуд.

Қатъномаи СММ, ки бар асоси тарҳи пешниҳодии ИМА эҷод шудааст, ба Кореяи Шимолӣ барои хариду фурӯши танку ҳавопаймоҳои ҷангӣ, киштиву мушакҳо эмбарго ҷорӣ мекунад. Дар айни замон, таъкид мешавад, ки санади мазкур мудохилаи нирӯҳои низомиро ба хоки Кореяи Шимолӣ иҷозат намедиҳад. Қатъномаи СММ аз ин кишвар тақозо дорад, ки ҳама гуна аслиҳаи ҳастаии дар ихтиёрдоштаашро нобуд созад. Инчунин аз кишварҳои хориҷӣ тақозо мешавад, аз хариду фурӯш ва пешниҳоди ҳама гуна аслиҳа ба Пйонгянг худдорӣ варзанд. Дар ҳамин ҳол, сафири Кореяи Шимолӣ дар СММ гуфт, ки кишвари ӯ қатъномаи мазкурро комилан рад мекунад. Оқои Пак Гил Йон гуфт:

"Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея қатъномаи ноодилонаро комилан рад мекунад. Иқдоми мазкур ба таври рӯшан намоиш медиҳад, ки Шӯрои Амният бетарафии худро аз даст дода дар фаъолияти худ ҳанӯз ҳам аз меъёрҳои дугона кор мегирад"

Ӯ афзуд, Пйонгянг ба хотири ба қавли ӯ "сиёсати душманонаи" ИМА озмоиши ҳастиро анҷом додааст. Ӯ гуфт, дар сурате, ки ИМ фишорро болои кишвари ӯ афзоиш диҳад, Кореяи Шимолӣ инро, ба қавли сафир чун "эъломи ҷанг қабул хоҳад кард". Дар ҳамин ҳол, Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико қатъномаи СММ-ро истиқбол кард ва гуфт, ки санади мазкур як паёми қавӣ ба ин давлати коммунистӣ аст, ки мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба қавли Буш, "Кореяи Шимолии доройи аслиҳаи ҳастиро қабул надорад".
XS
SM
MD
LG