Пайвандҳои дастрасӣ

Донишмандони ислом узрхоҳии попро пазируфтанд


NCA 38 донишманди улуми ислом ва муфтиёни баландпояи чандин кишвари ҷаҳон гуфтанд, ки узрхоҳии Поп Бенедикти 16-ро роҷеъ ба дини Ислом қабул мекунанд. Сардабири як маҷаллаи исломӣ гуфт, ки ҳайати баландпояи руҳониён номаи саркушодеро ба ин манзур иншо карда онро ба дасти сафири Ватикан хоҳанд супурд.

Суҳайл Нахуда, сардабири маҷаллаи "Исламика Мегезин" , ки дар Урдун ба нашр мерасад, гуфт, мусалмонон умедвори он ҳастанд, ки попро ба музокира ҷалб карда бо ин роҳ, ба қавли онҳо аз пешдоварӣ нисбат ба Ислом ҷилавгирӣ хоҳанд кард.


Оқои Нахуда гуфт, ки муҳимтарин муаллифони ин нома - Шайх Ҳабиб Алӣ аз донишгоҳи Табои Абу Дабӣ (Иёлоти Муттаҳидаи Арабӣ) ва Шоҳзода Қозӣ Бин Муҳаммад, мушовири вижаи Шоҳи Урдун Абдуллоҳи 2 мебошанд.


Моҳи гузашта, зимни суханрониаш дар Олмон, поп аз дини ислом ҳамчун як мазҳаби хушунатомез ёд кард. Ин суханҳои Поп бо хашму норизоиятҳои густардаи ҷаҳони Ислом рӯбарӯ шуд. Поп баъдан гуфт, ки ба дини ислом эҳтиром қоил аст ва аз гуфтаҳояш таассуф мехурад.
XS
SM
MD
LG