Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикфилм" фаъол мегардад


Сайёфи Мизроб

Дар кохи синамои «Ҷомӣ» нахустнамоиши филми нави ҳунарӣ «Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт» баргузор гардид.
Филм роҷеъ ба муҳаббат, садоқат ва фарҳанги хонаводагист, ки заҳмати килки Абдурофеъ Рабиев, филмнависи маъруфи тоҷик аст. Ҷамшед Раҳматов сармуҳаррири Тоҷиктелефилм мегӯяд, мавзӯъи филм мавзӯъи ҳама давру замон,яъне ишқи поки ҷавононист.
Нақшҳои асосиро дар филм ҳунармандони ҷавон Шаҳноза Ҷобирова ва Маъруф Ноёфтов бозидаанд. Онҳо мегӯянд нақшҳои нахустини худро дар синамо бо сад мушкил иҷро кардаанд. Ва аммо ҳунармандони шинохта ба филми нахустини Раҷабалӣ Пиров, дастпарвари Донишкадаи Олии синамои Маскав баҳои сазовор доданд. Вале бархе аз мунаққидин бар ин назаранд, ки раванди интихоби қаҳрамонҳо дар синамои тоҷик замони ахир гунаи кӯчагӣ ва ё ошнобозӣ гирифтааст ва бо ҳамин ба нақшҳои марказии филмҳо афроде ҷалб мешаванд, ки истеъдод надоранд.
Масъулин тасмим гирифтаанд, филмро дар наздиктарин фурсат дар Маскав, пойтахти Русия ба маърази тамошои гузоранд. «Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт» дар баробари «Шамсиддин Шоҳин» дуввумин филмест, ки тӯли моҳи ахир ширкати Тоҷиктелефилм рӯи тавлид намудааст.
XS
SM
MD
LG