Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси маркази омӯзиши барои марзбонон


Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ин ҳафта барои марзбонони тоҷику афғон дар шаҳри Хоруғи Бадахшон вилояти ҳаммарз бо Афғонистон як маркази омӯзишӣ боз кардааст. Тибқи иттилоъияи расмии созмон, ки рӯзи 13 октябр нашр шуд, маркази навтаъсис тамрингоҳи соли 2003 дар Душанбе таъсисдодаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират такмил мекунад. Аз он сол то кунун дар маркази омӯзишӣ беш аз 120 марзбон аз манотиқи мухталифи кишвар тамрин дидаанд.


Маркази дуошёнагии муҷҷаҳаз таҳти итоати Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард ва дар ҳар давраи омӯзишии семоҳа, ки шаш мутахассиси ботаҷриба ба 15 афсари марзбон дарс хоҳанд гуфт.
Дар давраҳои омӯзишӣ шогирдон усули назорати марзҳо, қонуни муҳоҷират, ҳуқуқи инсон, истифода аз компютер ва забони инглисӣ хоҳанд омӯхт. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар оянда марзбонони Афғонистон низ омӯзиш хоҳан дид.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG