Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори ситоди нозирони ИДМ дар Душанбе


Ситоди нозирони интихоботии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 13 октябр расман дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. Евгений Слобода, муовини раиси ситоди ҳайъати нозирони иттиҳоди давлатҳои муштаркаулманофеъ дар Душанбе гуфт, ҳудуди 200 нафар нозири онҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳур назорат хоҳанд кард. Аммо гуфт вай, феълан 9 нозири вориди Тоҷикистон шуда, дар комиссияи интихоботӣ сабти ном шудаастд.


Ба гуфтаи оқои Слобода, 25 нафар аз ҷамъи умумӣ нозирони дарозмуддат мебошанд ва боқӣ чанд рӯзи қабл аз интихобот вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд: Ситоди мо муваззаф аст ба сабтиноми ҳайъати нозирони кишварҳои муштаркаулманофеъ, тақсими онҳо ба манотиқи мухталиф мусоидат карда, қонунгузории интихоботии Тоҷикистонро таҳлил намуда ва баҳои ҳуқуқӣ гузорад."


Ба гуфтаи ӯ, қонунгузории интихоботи Тоҷикистон ба конвенсиюни Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар мавриди баргузории интихоботҳои демократӣ мувофиқ мебошад. Оқои Слобода аз фаъолияти кумисиюни интихобот дар мавриди омодагӣ ба баргузории интихобот гуфт: "Кумиссиюн ҳама кӯшишро ба он нигаронидааст, ки интихоботи президентӣ шаффофу демократӣ доир шавад.


Ситоди ҳайъати нозирони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 26 сентябр дар Душанбе ифтитоҳ шудааст. Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG