Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо ба кӣ райъ медиҳед?


Муаррифии номзадҳо
Аслан чаро атрофиёни Раҳмонов ба ӯ хидмати хирсона мекунанд? Ва оё худи Раҳмонов аз ин сценария огоҳ аст? Ба фикрам, Раҳмонов хуб медонист, ки рақиби тавонманде надорад, чун нируҳои умдаи оппозисиюн худдорӣ карданд. Вақте рӯихати номзадҳоро мебинӣ, хуб дарк мекунӣ, ки чӣ барномае ҳаст.
1. Пирӯзии Раҳмонов бар ҳизби коммунист (намунаи асосии тоталитаризм) ин пирӯзии демократия.
2. Пирӯзии Раҳмонов бар дигар номзадҳо ки ҳама ходимони илмӣ ҳастанд, намедонам бо кадом мақсад бошад.
Ба ҳар ҳол мо дар ин интихобот ба ҷуз Раҳмонов номзади арзандатаре надорем. Намедонам чаро ҳама пешвоён худро канор гирифтаанд?
Сулаймон

Дуруд бар Шумо, дӯстони гаронмоя.
Хеле суоли оличаноб ва посухҳои хонданӣ. Аммо чун хостам ба ин суол ҷавоб нависам, ҳайрон мемонам. Охир нашавад, ки ман ба каси дигар овоз диҳаму нафари дигар онро соҳибӣ кунад. Дарҳол ба сарам як фикри нав омад. Шояд ин маслиҳате бошад ба Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар интихоботи ояндаи президентию порлумонӣ. Дар ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ як сандуқи раъйдиҳӣ мегузоранд. Беҳтар мешуд, барои исботи он ки интихобот шаффоф мегузарад, барои ҳар як номзад сандуқи алоҳида гузошта шавад. Он вақт ҳама бо чашми сар хоҳад дид, ки овози бештарро соҳиб шудааст.
Дабири Кабир


Салом ба ҳама. Мо медонем, ки агар ба каси дигаре ҳам овози худро диҳем, ғайр аз Раҳмонов варақаҳои овоздиҳоии мо дар садуқчаи Раҳмонов меафтад. Пас дигар илоҷ нест ғайр аз овоздиҳӣ ба Раҳмонов. Бо эҳтиром
Ҳамсадо
--------------------------------------

Ва ман боз фикр мекунам, ки ҳоло мардуми тоҷик танҳо ба лидере муҳтоҷ аст, ки ақаллан тавонад даҳ дарсад ҳуқуқи мардуми тоҷикро дар Федеросиюни Русия муҳофизат кунад. Эй мардуми азизи тоҷик, охир мо дар Тоҷикистон ба президент муҳтоҷ нестем. Ин сарварҳое, ки ҳоло даъвои призидент шудан доранд, дар Маскав ҳатто қадри як "разборчик"-и чечениро надоранд. Эҳҳҳҳ воооооой Ватани хорам. Идомаи қиссаи
Муҳоҷир аз Москов
--------------------------------------

Ростӣ, барои ман ин интихобот чизи муҳимме нест ва ё чизе ҷадидоваранда, чунки мо худ ҳама медонем, ки дар сиёсати ҳозираи Тоҷикистон ғайр аз ришвахорӣ, маҳалбозӣ, ҷӯрабозӣ дигар чизе вуҷуд надорад. Худатон бибинед, ҳатто дар акс Раҳмонов чи хел фарқи калон дорад аз дигар чаҳор нафар зердастонаш. Фикр мекунам ҳама аксҳо бояд баробар бошанд, аз рӯи адл. Раҳмат ба шумо, кормандони Озодӣ, ба ин реклама (таблиғ)-атон.
Lion
--------------------------------------

Салом. Ман ҳаргиз ба Раҳмонов овоз намедиҳам. Дар дилам зад ҳамаи корҳое, ки дар давраи ӯ гузашта истодаанд. Охир то ба кай мо қарз мегирем аз давлатҳои дигар?! Ин қарзҳоро баргардондан даркор. Имрӯзҳо ҳама мегӯянд ҳукумат ин кори хуб кард. Ҳукумат ягон кори хуб накардааст. Фақат ҳафт пушти ояндаи моро қарздор кард. Дар баробари ҳамаи ин корҳо ин пулҳои қарз барои чизҳои номаълум аз халқ сарф мешавад. Агар ту одами доно бошӣ, аввал заводу фабрика соз. Ана ҳамин корхонаҳо фоидаи хуб медиҳад. Ин фоидаро метавонӣ барои роҳсозӣ истифода барӣ. Барои мо сарвари иқтисоддон лозим аст.
Вафо
--------------------------------------

Ман то ҳол ҳайронам, ки чаро аълоҳазрат Эмомалӣ Раҳмонов тарси беандозаро дар худ эҳсос мекунанд? Имкон надоданд, ки як шахси арзандае ҳарифи ун кас бошад; дар ВАО (расонаҳо)-и давлатӣ чунин намудор шуданд, ки ба дараҷаи ифрот. Дар хиёбонҳои Душанбе портретҳояшонро дар андозае овезон кардаанд, ки аз меъёр зиёд (оё касе андешаи қонунӣ будан ё набудани ин андозаро кардааст?..).
Молшинос
--------------------------------------

Салом, радиои Озодӣ. Чи тавре ки мебинем, бозии шоҳмот яктарафа идома дорад. Барои чӣ мо пули бисёр барои ин интихобот харҷ карда истодаем? Номзад маълум, ғолиб маълум, дигар чӣ лозим аст? Интихобот, чи тавре ки медонем, бояд ҳаматарафа ташкил карда шавад, номзадҳо озодона рақобат кунанд, аммо ин дар интихобот нест. Барои ҳамин, лозим нест, ки коҳин бошед, то раисиҷумҳурии ояндаро пешгӯӣ кунед. Ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат ҳастанд, бояд ба интихоботи оянда, яъне баъд аз 2010 тайёрӣ бинанд. Вақти кам мондааст, аммо аммо кор бисёр аст. Ба ҷавонони ватанпарвар аз ҳоло муваффақият мехоҳам. Бо эҳтироми бузург
Дипломат
--------------------------------------

Ман як ҷавони оддӣ ҳастам, вале дигаргунии рӯзмарраи рӯҳияи мардуми Тоҷикистон маро ба андеша водор сохтааст. Барои мисол, дар консерти Ораш бибинед, ки ҷавонон чи ҷаҳле нишон доданд. Ҳамчунин имрӯзҳо ман шоҳиди он низ шудам, ки ҷавонони мо баъд аз таровеҳ дар назди масҷид задухурд мекунанд. Яъне ваҳшигарӣ моро гиребонгир шудааст. Пас маълум мешавад, ки мо ба фалсафаи нави зиндагӣ ниёз пайдо кардаем, ки танҳо як шахси ҷадиди арзанда (афсӯс, ки на ин панҷ "номзад"!) бояд ба миён ояд. Зеро тавре ки маълум аст, сиёсати пешгирифтаи Раҳмонов моро ба ин рӯз оварда расонд. Ростӣ, фикр мекунам, ки ин интихоботу интихоботи соли 2013 (агар шавад!) шояд ба хости Раҳмонов гузаранд, вале ҳеч тасаввур намекунам, ки баъдан бо чунин меъёрҳои интихоботӣ оромии мо халалдор нашавад. Зеро он вақт замона замонаи "мухлисони Ораш" хоҳад буд!
Худоё моро аз бало нигаҳ дор! Омин!
Fамзада
--------------------------------------

Ба фикрам, халқи тоҷик аллакай президенти ояндаашро интихоб кардааст. Эмомалӣ Раҳмонов назар ба дигар кондидҳо хубтар аст ва умедворем, ки сертар ҳам шуда бошад. Ман тарафдори Раҳмонов дар ин интихобот. Бо эҳтиром
Тоҳир
--------------------------------------

Нодиршоҳи азиз. Ин чаҳор нафар ҳарифони Раҳмонов дар интихобот нестанд, балки онҳо лухтакони дасти ҷаноби олианд. Ту худат нигоҳ кун ба ҳолати рӯҳафтодаву муъюсонаи ин чаҳор нафар. Онҳо ҳеч гуноҳе надоранд. Фақат гуноҳашон дар он аст, ки хоҳиши ҷаноби олиро натавонистанд рад кунанд. Раҳмонов мехоҳад ба чашми ҷаҳониён ва қарздиҳандагон нишон бидиҳад, ки интихобот ба таври алтернативӣ гузашта истодааст, вассалом!
Сино
--------------------------------------

Мо якчанд талаба дар давлати мардум мехонем ва мо мехоҳем сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонов то вақте ҳастай, сарвари давлат бошад. Барои он ки давлати мо нав озоду обод шуда истодааст... Ва ин чаҳор нафар, ба фикрам, солхурда ҳастанд. мумкин бо фикрҳою ақидаҳои куҳна давлатро пеш баранд.
Мунаввар
--------------------------------------

Ман ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки чун мо дар хориҷа ҳастем, он қадар аз вазъи сиёсии имрӯза бохабар нестем. Аммо хидматҳое, ки муҳтарам Э. Раҳмонов барои халқи тоҷик кард ва карда истодааст, беназиранд ва ба фикрам, ягонто аз ин номзадҳо ба ин дастовардҳо муяссар намешаванд ва то он даме, ки онҳо худро мегиранду яктоӣ қаср месозанду хешу табору ёру рафиқи худро бо ҷои кор таъмин мекунанд, ба фикрам, дар ин ҳолат боз як буҳрони иқтисодӣ ба миён хоҳад омад...
three_x
--------------------------------------

Салом. Ҳатто аз сурат гуфтан мумкин аст. Ҳар чаҳор нуқтае, ки дар гирди нуқтаи марказӣ ҳастанд, ҳамеша ба он вобаста хоҳанд монд. Декин ин ҳам рӯй намедиҳад, зеро ки ҳамон нуқтаи марказӣ боз ба ҷои худ соҳиб мемонад. Ягона чизе, ки акнун мо метавонем ин умед кардан аст. Умед мекунем, ки ин дафъа халқи мо ба дасти одамҳои на эгоист, балки ақлу рӯҳашон солим мегузарад. Умедворем, ки сардорони миллатамон дар ояндаи наздик ҳамин хел кор мекунанд, ки халқи бечораи мо дигар ба умеди чаҳор тангаи рус ва ё қазоқ намонанд, аз дасти расисту насист (нажодпарасту миллигаро)-ҳои рус кушта нашаванду омада дар ватани худ ва дар назди аҳли оилаи худ кор ва зиндагӣ кунанд. На фақат мансабдорон лаззати ҳаётро бинанд, балки ба одамони одӣ ҳам имконот созанд, то ҳамон одамони одӣ дар пешравии Тоҷикистон саҳм бигиранд...
Доро
--------------------------------------

Салом ба халқи тоҷик. Мо ҳам тарафдори Раҳмон (Эмомалӣ Раҳмонов). Эшон бисёр сиёсатмадори бузург аст ва дар муддати солҳои гузашта Тоҷикистони моро ба ин пешравиҳои боварнакарданӣ ва ҳайратангез оварда расонд.
Илҳом
--------------------------------------

Салом ва ташаккур барои ин иқдом. Ман гуфтаниам, ки халқи тоҷик бисёр қафо мондааст ва ба сиёсат он қадр сару кор надорад. Барои ҳамин фарқаш нест кӣ раис шавад. Ман мехоҳам ба Олим Бобоев овоз диҳам.
Сафарзод
--------------------------------------

Ба ҳеч кадоме аз инҳо! Ҳамаи инҳо дар ғами зану хусуронашон ҳастанд. Банда фикр мекунам, ки феълан Тоҷикистон ба прeзидент эҳтиёҷ надорад. Бо эҳтиром
Муҳоҷир
--------------------------------------

Ба ту мегӯям, бародари азиз Сулаймон, ки чӣ исми шарифе дорӣ. Илтимос таъриф накун Раҳмоновро. Агар овоз медиҳӣ ба вай овоз деҳ, ин ҳуқуқи шаҳрвандии туст. Ҳа, рост гуфтӣ, мо дар корзор набудем. Мо одам куштанро дӯст намедорем чӣ хеле ки баъзеҳо бо хуни одамони бегуноҳ бозӣ карда соҳиби ҳокимият шуданд.
Дигар масъала ин ки дар байни ин номзадҳо ягон номзади арзанда нест. Бо салом
Ҷавони Ватандӯст
--------------------------------------

Дар посух ба бархе аз дустони мубоҳис бояд боз вориди ин баҳс шавам ва бигӯям, ки дар 14 соли раҳбарияш Эмомалӣ Раҳмонов натавонист ба пешвои умумимиллӣ табдил ёбад. То ҳануз вай танҳо ба ҳамшаҳриҳо ва хешу ақрабои худаш такия ва хидмат мекунад. Мо, масалан, мардуми Хуҷанд, барои вай бегонаву душман ҳастем ва мо бесоҳиб мебошем. Ягон соҳаи Тоҷикистон дар ин давра аз бӯҳрон наҷот наёфт. Ин дабдабаҳои раҳкушоиву тунелсози саросар дурӯғанд. Агар Раҳмонов раҳбари мардумдӯст мебуд, садҳо ҳазор марду зани тоҷик дар Русия мардикор намешуд. Онҳое ки аз Раҳмонов пуштибонӣ мекунанд, дигар фақат аз рӯи номуси ҳамшаҳрчигӣ ин корро мекунанд. Ба ман аз куҷо будани раҳбар фарқ надорад. Бигзор ғармӣ ё бадахшонӣ бошад ё ҳатто як кӯлобии дигар, аммо раҳбари миллат шавад, на раҳбари як гурӯҳ.
Муҳсини Ҷаббориён, Лаҳистон
---------------------------------------

Салом ба мардуми Тоҷикистон! Ман тарафдори Эмомалӣ Раҳмонов будам, ҳастам ва мемонам. То он даме ки вай зиндааст девори Тоҷикистон аст. Аз даргоҳи Худованд талаби дуо дорам, ки ин марди мардумдӯст ҳамеша сарвари мо бошад! Фӣ амонуллоҳ таоло бародар...(Омин!)
Беимзо
-------------------------------------

Куҷостанд он ҳомиёни миллат ки аз дур ҷор мезананд, вале то фурсати муносиб худро пинҳон мекунанд. Ва бадбиниашон нисбати Раҳмонов аз он ҷиҳат аст, ки онҳо дар ҳукумати Раҳмонов чо наёфтаанд ва на аз хотири нанги миллӣ ё ғамхори ба миллат. Агар ғайрат медоштед, худро дар корзор нишон медодед ва дар баробари Раҳмонов номзад мекардед. Миллати бечораи мо аз сарсонӣ ва нооромӣ хаста шудааст.
Бас аст ҳадафҳои худро пушти шиори нанги миллат ва ғами миллат пинҳон кардан!
Сулаймон
-------------------------------------

Ва аз ман низ дуруд ба кулли мардуми точик ва кормандони "Озодӣ". Ман андеша дорам, ки бо дидани ин "ҶАНОБОН" намеарзад, ки асабонй шавем... Дӯстон, Охир ба ҳама маълум аст, ки чи гуна қонуншиканиҳо сурат мегиранд ва ҳатто бо чанд фисад ғолиб омадани номзади дар миёнаомадаро низ ҳамагон, ҳатто созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар медонанд...Пас, биёед, паноҳи ҳамаашонро ба Худои пок месупорему ИДИ МУБОРАКИ РАМАЗОНро бо хотири болида пешвоз мегирем. Ин ИДро барои ҳамаи дӯстдорони миллати тоҷдори тоҷик шодбош мегуям. Бо умеди сарбаландии ҳамаи Шумо дуогӯ -
НУФАРН-4
--------------------------------------

Дуруд ба ҳамаи шумо. Ин ҳама ҳодисаҳо ва сохтакориҳо дар Точикистон мисли филми хандаовари ҳиндист. Фарқияти филми ҳиндӣ дар он аст, ки анҷоми хеле хуб дорад. Ва анҷоми филми Раҳмонов... Ман намедонам, ки то ба кай мо пушти ин шахси бефикрро мегирем. Дар бораи дигар номзадҳо гуфтаниям , ки онҳо номзадҳои дурӯғин ҳастанд. Ман ба ин интихобот намеравам.
Даврон
-----------------------------------

Фикрҳои Рустам ва Тоҷикдӯстро ба пуррагӣ тақвият медиҳам. Агар ҳамаи мардум ба болои ин номзадҳо ба ҷои овоз додан хат мекашиданд ва талаби номзади асил мекарданд, барҳақ мебуд. Мо бояд аввал номзади кирои президентиро ёбем. Шахсоне мисоли Додоҷони Атовуллоҳ.
Фарид
-----------------------------------

Салом ба тамоми хонандагони ин номаам. Ва моҳи шарифи Рамазон баротон муборак бошад. Рости гап, баъд аз дидани аксҳои боло тасмим гирифтам, агар ба ягонтои онҳо овоз диҳам, дар назди худо ва миллатам ҷавобгар мебошам. Бо вуҷуди тамоми беадолатиҳо дар ватан маъюс ҳам нестам, барои он ки маъюсӣ гуноҳ аст.
Бояд барои ба даст овардани як ҷомеаи одил ва демократик кўшиши зиёд ва сабр кард.Зинда бошанд занон ва мардони Тоҷикам, ки дар ҳақиқат барои як ҷомеаи воқеан баробар мубориза мебаранд.
Дӯстдори шумо -- мусофир
Холидҷон
----------------------------------

Мардуми мо бисёраш курнамак аст. Кадоме ки Эмомалй Раҳмоновро паст мезанад, фикр мекунам, ки вай хеш ё ягон каси наздики ин 4 нафари дигар аст. Ман фикр мекунам, ки агар он 4 нафаре ки номзадии худро мондаанд, агар якеаш аз ин интихобот гузарад, ҷумҳурии мо аз чамъияти ибтидой сар мекунад, чунки онҳо ҳамаашон солхурда ҳастанд ва фикрҳои ҳамун давраи пешро доранд. Онҳо тараққиёти давлатро ба ягон роҳ пеш бурда наметавонанд! Маҳзи сарашон хушк шуда рафтагй онҳоро...
Нодиршо
-------------------------------------

Салом. Ман ҳамаи мардуми азизи точикамро амнияту комёбй умедворам ва ҳарчи мусибате ҳаст, аз сари мардум дур созад. Агар андешаи пешрафти мардуми худро дошта бошем, бояд барои раҳбари хуб доштан бедор бошем ва аз холо ҳам ки дер нашудааст, омодагй бинем. Бояд бо мусулмониямон боқй бимонем ва мусулмони ҳақиқй бошем. Бояд раҳбари одилу ғамхор ва ҳамфикри мардум дошта бошем.
Алихон
-------------------------------------

Нахуст ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро ба наздик шудани Иди рамазон муборак гуфта, ба онҳо хушбахтй орзу дорам.
Касе чизе ки мегўяд, бояд пеш аз ҳама дар назди худованд посух диҳад, ки оё ҳақ аст ё на. Ба назари ман, Раҳмонов шояд назар ба дигаронаш беҳтар бошад, зеро чанд сол боз сари мансаб аст ва хешу табораш миз соҳиби мансабанд ва агар каси дигари шавад, то хешу табораш соҳиби кору дастгоҳ мешаванд, ки чанд сол қафо мемонем.
Аминҷон
------------------------------------

Салом! Дар ҳақиқат раиси ҷумҳур аллакай маълум аст...фақат дуогу ҳастам, ки худованди карим ба сари мардуми мазлум дар оянда касеро таъин кунад, ки аз худо тарсад...
Бухорй
------------------------------------

Дуруд ба ҳама! Худ дар Голландия таҳсил дораму ногаҳ сафҳаи «Озодй»ро боз намуда, бақси аҷиберо дарйфтам. Ман гуфтаниям, ки кадоме дар сари тахти шоҳонаи миллат набошад, боинсофу покиза бошад...
Миллати тоҷик аз давраҳои қадим азийят кашидааст то ба имрўз, лекин ба ҷуз худи мо ватанамонро касе обод нахоҳад кард. Биёед, ба ҳама чиз, ба ҳама кор аз рўи ақл баҳо диҳем, пеш аз гуфтор андеша кунем ва андешаи мо бояд солим бошад.
Пайрав
-----------------------------------

Бовар кунед, ман аз шумо барин тоҷикон шарм мекунам, ки ҳар касро паст мезанед. Албатта, давлати мо демократист, аммо ин чи гап аст, ки мо хуни точикро мебинем дар симои ин номзадҳо? Чи, оё шумо раиси ҷумҳур шавед, Тоҷикистон беҳтар мешавад? Илтимос, беақлона ҳарф назанед. Саломат бошед.
Ҷовидон
-----------------------------------

Салом ба ҳама! Ман ба ягон нафари инҳо овоз нахоҳам дод, чунки ин хиёнат ба миллат аст. Ин нафароне, ки дар баробари Раҳмонов худро номзад мондаанд, худро ҳурмат накардаанд ва худро ба мардум ҳамчун бозича муаррифӣ кардаанд. Дар байни ин панҷ номзад ягон нафарашон ҳатто арзиши раиси колхоз шуданро надоранд.
Ай миллати Тоҷикам, мову шумо болотар аз ин ҳастем, ки Ватани азизамон Тоҷикистонро чунин нафарон идора кунанд. Илтимос, навиштаамро бетағйир чоп кунед. Ба шумо эътимод дорам. Бо умеди ободии Ватан,
Рустам
__________________

Салом ба мардуми зулмпарвар ва золимпарасти Тоҷик! Воқеан, ин суханони шадидуллаҳни ман аз рӯи бад дидани миллати азизам Тоҷик нест, балки аз рӯи дилсӯзии ман мебошад. Наход ба як раисҷумҳуре, ки аз рӯзи таъин шуданаш (ӯ аслан интихоб нашудааст!) фақат аз паи қарздор намудани миллати тоҷик, хароб кардани ҷомеъа, хешутаборбозӣ, зулму ситам, ришвахорӣ ва маҳалбозӣ дигар кореро анҷом надодааст, ин қадар эътимод дошта бошем. Мо воқеан бо ин содданазарӣ, зудбоварӣ, зулмпарастӣ ва бе дарки масъулият дар назди наслҳои оянда сазовори раиси ҷумҳури хуб, одил, босавод ва Тоҷикдӯст нестем. Вале, ба ҳар ҳол аз Худованди карим умед дорам, то ба мо раиси ҷумҳури беҳтар ҳадя кунад. Иди дар пешбудаи рамазонро ба миллати азизам табрик мегӯям!
Комили Тоҷикдӯст
_______________________

Дуруд ба хонандагони ин сайт. Барои халқи тоҷик бисёр даҳшатовар аст, ки Абдуҳалим Ғаффорову Қароқулов барин одамон номзадиашонро ба президентӣ мондаанд. Ин Раҳмонове, ки ҳамаатон дастгириаш кардаед, Тоҷикистонро ба давлати шоҳигарӣ табдил доданист. Чанд номзади арзандае, ки буд, бурда ба маҳкама шинондашон. Дигар ин номзадҳое, ки ҳастанд, барои масхарабозианд. Ҳатто куҷое хондам, ки ҳамон имзоҳоро ҳам масъулони ҳукумати Раҳмонов ҷамъ овардаанд. Тоҷикистонро ба як давлати беқонун табдил додааст. Мисол, ана ҳамин қазияи ҳизбҳои сиёсӣ ва дар як рӯз чоп шудани ду нашрия бо як ном. Аз ин дида дигар беқонунию бедавлатӣ намешавад! Боз сайтмаҳкамкуниҳояш тамоман аз беқонунӣ аст. Худо Тоҷикистонамро нигаҳ дор!!!
Нуфарн
_______________________________

Ассалому алайкум! Ростӣ, ман дар симои ин номзадҳо хуни тоҷикиро намебинам. Инҳо ҳама яканд ва дар болои парчами Тоҷикистон худро ҳамчун "крест" нишон доданд, яъне он Тоҷикистоне, ки шумо мехоҳед, нест!
Ҳамсадо
_______________________________

Ассалому алайкум вараҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Дар ин шабҳои муқаддас аз Худованди маннон хоҳони оромӣ ва осудагии Тоҷикистони азизам ҳастам ва таманнои як раиси ҷумҳури мусалмонро дорам, ки масҷид набандад, балки бисозад, духтари мусалмони тоҷикро бе иффату беҳиҷоб накунад ва тамоми дарҳои фисқу фуҷурро бибандад ва чунин шахс дар миёни ин панҷ нафар нест. Рӯи ҳамаашон хат хоҳам кашид, ки яке ҳам сазовори раисиҷумҳурӣ нестанд. Бо эҳтиром
Ашрафалӣ
_______________________________

Бо салом! Ман дар байни ин номзадҳо ягон тафовут намебинам. Тоҷикистони азиз бо ин гуна "пешвоён" пеш намеравад! Инчунин бо боварии том гуфтаниям, ки агар Раҳмонов дар интихобот номзадии худро намегузошт, ин чаҳор нафар низ овоз баланд намекарданд.
Сино
________________________________

Ба дӯстам Рауф гуфтаниям, ки ҳамин ҷойгиршавии суратҳо ҳам мазмуне дорад. Яъне, чаҳор номзад Раҳмоновро монанди "телех" (муҳофиз - РО) дар миёна гирифтаанд, ки ба пояш хор ҳам нахалад. Дуюм, агар ҳар яке аз ин номзадҳоро бо хатҳое ба ҳамдигар пайваст кунем, мебинем, ки ин хатҳо хати батлоне ба рӯи Тоҷикистони азизи моянд. Онҳо ба рӯи Ватани мо "крест" мегузоранд. Афсӯс, як номзади асилеро роҳ надоданд, ки мазмуну намуди ин аксро дигар кунад. Бо дуруд ба Озодӣ,
Мӯҳсини Ҷаббориён
________________________________

Ассалом! Пеш аз ҳама аз барномаи хуби шумо ташаккури зиёд мекунам. Тафовуте, ки ман мебинам, ин собиқаи корӣ аст, ки ин собиқаи корӣ дар президенти мӯҳтарамамон Эмомалӣ Шарифович дида мешавад.Зеро мо дар ҳар ҷойи дунё мебинем, ки афроди собиқадор шоистаи ин мақом ҳастанд, на ҳар каси дигар.Ва мо аз касе пуштибонӣ мекунем, ки озодӣ ва истиқлоли моро рӯз то рӯз зиёд кунад ва бас.
Сомонӣ
____________________

Салом! Ман аз ин равзана дидан намуда, ба чунин хулоса омадам, ки дар ин интихобот танҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов овоз хоҳам дод, чунки дар байни номзадҳо ягона шахсе аст, ки ҳама фаъолияти сиёсии ӯро медонанд, иқдоми бузурги ӯро. Агар дар оянда интихоб шавад, фикр мекунам Тоҷикистони мо аз ин ҳам ба пеш хоҳад рафт. Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҷаҳони муосир бо сиёсати сулҳҷӯёнааш мешиносанд ва ба ӯ боварии комил бастан мумкин аст. Ҳар он шахсе, ки дар интихобот иштирок мекунад, Эмомалӣ Раҳмоновро интихоб намояд, зеро онҳо хато нахоҳанд кард.
Бо эҳтиром,
Шероз
____________________

Ассалому алайкум, ҳамватанон! Ман бо пуррагӣ сиёсати пешгирифтаи Э. Раҳмоновро дастгирӣ ва тарафдорӣ менамоям, ки ин шахси бузург бо ин сиёсати пешгирифтаи худ барои рушд ва инкишофи давлат ва ватани худ бисёр қадамҳои бузургро гузошта истодааст. Ман низ ҳамчун як ҷавони Тоҷикистон барои президенти мӯҳтарам миннатдории худро баён месозам ва аз номи ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки мо, Худо хоҳад, боварии он касро то қадри имкон амалӣ месозем ва барои рушди ватанамон ҳиссаи худро мегузорем!
Маҳфуза
____________________________

Бо арзи салом. Ман фикр мекунам, ки натиҷаи интихоботи карибулвуқуъ аллакай аён аст, аён аст, ки кадоме аз номзадҳо бурд хохад кард. Ман гумон мекунам, ки ин як сиёсат ҳаст барои нишон додан ба ҷаҳониён, ки дар ҷумҳурӣ интихобот алтернативӣ хохад гузашт. Ва шояд баъзе аз номзадҳо дастнишини ҳукумат бошанд, то нишон диҳанд, ки интихобот демократӣ доир гардид. Ман бошам тарафдори раиси феълии ҷумҳур мебошам, варианти дигар вуҷуд надорад. Ҳатто Родиёи Озодӣ, ба фикри ман, аз таблиғот канор наистода, аз кондиди ҲХДТ пуштибонӣ мекунад, зеро акси ҷаноби Раҳмоновро дар мобайни аксҳои кондидҳои дигар ҳизбҳо гузоштааст.
Рауф
________________________

Салом! Бовар кунед, ба номзадҳо назар кардам, хандаам омад. Дар ҳақиқат ин як шармандагист! Магар Тоҷикистон бо ин хел номзадҳо пеш мерафта бошад? Афсӯс, афсӯс... Аммо ба кӣ механдам? Ба ҳоли халқи худ...
Тоҷик
_______________________

Дӯстони азиз! Фарёд занам намебурод овозам...
Хуросонӣ
______________________

Ин номзадҳо марионеткаҳое мебошанд, ки барои "ҳақиқӣ" вонамуд кардани интихобот пешниҳод шудаанду бас. Ришвахорӣ дар тамоми сатҳи давлатдорӣ оқибат ба сари Раҳмонов об хоҳад рехт. Илоҳо омин!
Азиз
_________________________

Бо салом ба хонандагони сайти "Озодӣ". Банда аввалан фикр намекунам, ки дар интихобот иштирок кунам. Ҳарчанд ин кори банда ба интихобот на таъсири мусбат ва на таъсири манфӣ дорад. Агар иштирок ҳам кунам байни баду бадтар бадро интихоб мекунам. Яъне ҳарчанд аз Раҳмонов хушам наояд ҳам, он чор нафар бадтар аз ў ҳастанд. На мешиносам, на коре аз дасташон меояд. Бигзор то он вақт, ки як сиёсатмадори боарзиш рўи саҳна биёяд, ин ҷаноби Раҳмонов бошад. Дигар чӣ илоҷ...
Низом Асомуддинов
---------------------------------------

Sorry for my English, I don't have cyrilic fonts.Hello to everyone. Good web page. I personally think there isn't any good candidate.Rahmonov made sure of that.So this is fake election whats point in voting.

Баргардон: Бибахшед, ки ба инглисӣ менависам, чун ҳуруфи тоҷикӣ надорам. Сомонаатон хуб аст. Ман шахсан фикр мекунам, ки ҳич номзади хубе нест. Раҳмонов заминаашро сохт, ки чунин бошад. Аз ин рӯ, ин интихобот дурӯғин аст. Аз раъйи мо чӣ суд?
Маҳина
--------------------------------------

Салом алейкум ба халқи тоҷик аввалан аз Худованд сиҳативу саломатӣ ва сарбаландии халқи тоҷикро орзуманд ҳастам. Бигзор ҳамин интихобот тинҷ гузарад ва албатта ман тарафдори Эмомалӣ Раҳмонов мебошам. Рости гап бисёр марди хуб аст. Парвардигор умрашро дароз ва чӣ амали неке, ки барои беҳбуд кардани Тоҷикистон дошта бошад, ҷомаи амал пӯшад. Худованд 1000 сол дар сари давлат бошад. Омин!
Ҷовидон


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG