Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти ном шудани ҳайати ODIHR дар Тоҷикистон


Аввалин гурӯҳи нозирони дарозмуддати Созмони Амнияту ва Ҳамкории Аврупо аз сӯи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон сабти ном шуд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи мазкур як ҳафта қабл барои назорат бар ҷараёни корзори интихоботӣ вориди Душанбе шуда ва ситоди нозиронро таъсис дод.


Бо назардошти таъхири нозирони САҲА дар сабти ном Муҳибулло Додоҷонов раиси ситоди Кумиссиюни Марказии Интихобот онҳоро интиқод кард, ки мухолифи муқаррарот пеш аз сабти ном ба назорати корзори интихоботӣ шурӯъ кардаанд. Дафтари Ниҳодҳои Демокротӣ ва Ҳуқуқи Башар (ODIHR) 9 октябр аз гушоиши ситод ва оғози маъмурияти интихоботии худ дар Тоҷикистон хабар дода буд.


Бино ба иттилоъи Кумиссиюни Марказии Итихобот, ҳайъати нозирони САҲА дар мулоқот ба Мирзоалӣ Болтуев раиси КМИР ҳамзамон тақозои тамдиди мӯҳлати сабти ном барои 100 нафар нозири кӯтоҳмуддати худро кардааст. Онно Ван Деруинд - раҳбари ин ҳайъат гуфтааст, нозирони кӯтоҳмуддати САҲА ба далели фаннӣ бо таъхир вориди Тоҷикистон мегардад.
XS
SM
MD
LG