Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қисми VII гузориши Юрий Савелев роҷеъ ба ҳодисаҳои "Беслан"


Дар Русия 7-мин қисми гузориши Юрий Савелев, намояндаи порлумони Русия ва коршиноси мустақил роҷеъ ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар шаҳри Беслан мунташир шуд.


Дар он гуфта мешавад, ки гаравгонгирон дар мактаби шаҳри Беслан аз 56 то 78 нафарро ташкил медоданд. Қаблан мақомот мегуфтанд, ки гаравгонгирон 32 нафар буданд, ва дар вақти ҳуҷум ба мактаб 31 нафари гаравгонгирон кушта шуданд ва танҳо як нафар аз гаравгонгирон зинда боздошт шуд (Нурпоши Қулаев).


Дар ҳодисаи Беслан рӯзи 1 сентябри соли 2004, беш аз 1700 нафар, аксаран атфол ба ҳалокат расида буд.


Ҳамчунон Сергей Миронов раиси Шӯрои федератсиюни Русия гуфта буд ки гузориши комисюни давлатии порлумони Русия дар охири ҳамин сол мунташир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG