Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақолаи нотамоми Анна Политковская


Худи Анна дар охирин мусоҳибааш гуфта буд, сари матлабе кор мекунад, ки онро метавон "беспредел"-и ҳукуматдорони имрӯзаи Чеченистон номид. Дар охирин мақолае, ки ба назар мерасад, ҳамин гуна нотамом боқӣ мондааст, сарнавишти як ҷавонмарди чечен бо номи Беслан Гадаев ҳикоят мешавад, ки дар Украина боздошт ва ба Чеченистон истирдод шудааст. Гадаев ба дасти худ навиштааст, ки ӯро дар маҳбаси Грозни аз дасту пояш бастаанд, бо нирӯи барқ шиканҷа додаанд, халтаи селофаниро ба сараш кашида, нафасгираш кардаанд, то ба қатли афрод иқрор кунад, дар ҳоле ки вай дар ин қатл даст надоштааст.
Дар мақолаи Анна Политковская ҳамчунин намунаҳои дигаре зикр шудаанд ва ҳамчунин аксҳое аз наворҳои видеоӣ нашр шудаанд, ки саҳнаҳои ваҳшатангези шиканҷаро тасвир мекунанд. Дар яке аз онҳ ду нафар болои сари як ҷасади хуншор истодаанд ва шиква мекунанд, ки "ин нафар ҳанӯз зинда аст ва чизе ӯро кушта наметавонад..."
Политковская менависад: "Ин ҳолат аз он ҷо маншаъ гирифтааст, ки додситонҳо ва доварон на ба иҷрои қонун ва муҷозоти гунаҳкорон, балки ба иҷрои фармоиши сиёсӣ ва хуш кардани дили Кремлин бо гузориши комёбиҳо дар муҷозоти "террористон" машғуланд."
Дар як навори видеоӣ зӯроварон номи президенти Русия Владимир Путинро ба забон гирифтаанд. Он ҷо ҷавоне ҳаст, ки ба паси гӯшаш корд задаанд ва корд ҳанӯз онҷосту аз захми хун мешорад, ҷавони дигур ба рӯи роҳ афтодааст. Худи қотилон дида намешаванд, вале садои онҳо меояд:
"-- Путин гуфт, хуб нигоҳ кунед, ҳаматарафа..."

Хабари қатли Анна Политковская дар байни мардуми Чеченистон вокунишҳое ба амал овард. Амина, як зани чечен аз деҳаи Серженюрт ба хабарнигори Озодӣ гуфт: "Ҳамаи аҳли русто, ҳатто онҳое ки рӯзнома намехонанд ва бо хабару хабарнигорӣ коре надоранд, аз ин хабар шадидан ба хашм омаданд. Вай ягона касе буд, ки ҳақиқати ваҳшатҳои Чеченистонро ошкоро мегуфт. Маълум аст, ки ҳукуматдорон чунин афродро дӯст намедоранд. Онҳо беҳтарин намояндагони халқро мекушанд. Ман хеле дар ғазабам. Ман ҳамаи мақолаҳои ӯро дорам, ҷамъ кардаам ва ҳатто суроғаву шумораи телефони ӯро ҳам дорам, ки агар вазъ дар ин ҷо бад шавад, ба ӯ хабар диҳам. Вай охирин умеди мо буд..."

Лайло, як зани дигари чечен, гуфтааст, даргумон аст, баъд аз сари чунин шахси ҷасур дигаре пайдо шавад, ки аз сарнавишти халқи бечора ва танҳомондаи чечен ҳарф занад.

Куштори Анна Политковская, журналисти 48-солаи рус дар Маскав дар рӯзи шанбеи 7-уми октябр мавҷи эътирозҳоро дар ин кишвар ва хориҷ аз он ба амал овард. Дар ҳоле ки президенти Русия Владимир Путин бо таъкид гуфт, мақолаҳои ӯ ба ҳаёти сиёсӣ таъсире надоштанд, ҳамкорони Анна дар "Новая газета" мегӯянд, чандин мавзӯъ, ба шумули ҷанги Чеченистон, метавонистанд, хашми ҳукуматро барангезанд.
XS
SM
MD
LG