Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду "Адолат": Як ному ду нашрия


Ҳафтаи қабл бо дастури вазорати фарҳанги Тоҷикистон чопи ҳафтаномаи «Адолат» - и Ҳизби демократи Искандаров мавқуф гузошта шуд. Аммо Раҷаби Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Адолат» - и Ҳизби демократи Искандаров мегӯяд, ба ӯ аз чопхона занг зада гуфтаанд, ки Вазорати фарҳанг ба онҳо иҷозаи чопи нашрияро додааст. Оқои Мирзо мегӯяд, нашри «Адолат» аз сӯйи гурӯҳи Масъуд Собиров ғайриқонунӣ аст, зеро асноду ҳуҷҷатҳои расмии нашрия дар дасти ӯст:

«Дар ин варақаҳое, ки паҳн шудааст, нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон, «Адолат, ҳатто рақамҳое навишта шудааст, ки то охир мо рӯзнома чоп карда будем, онҳо ҳам бо ҳамин рақамҳо чоп кардаанд, яъне рақами шумораи мо ҳам 75 аст аз онҳо ҳам. Бубинед, вақте мо ин варақаҳоро гирифтем, барои мо аҷиб он буд, ки ин рӯзнома чӣ тавр тавонист ба чоп бирасад? Зеро оинномаи ҳизб ва тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба рӯзнома дахл доранд, дар дасти мо аст. Ман бовар дорам, ки агар ҳамин корро мо мекардем, бешак, сари мо парвандаи ҷиноӣ боз мекарданд ё ягон кори дигар»

Оқои Мирзо афзуд, фурӯшандагони рӯзномаву маҷаллаҳо аз сӯйи афроди номаълум таҳти фишор қарор гирифтаанд, ки «Адолат» - и сардабир Раҷаби Мирзоро нафурӯшанд.

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, раиси аз сӯи Вазорати адлия эътирофшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, танҳо «Адолат» -и таҳти сардабирии Муҳаммадиброҳими Абдуҷаббор қонунӣ аст:

«Он «Адолат»-е, ки дар баробари «Адолат»-и воқеӣ ва қонунӣ бо сабти номи сардабир Раҷаби Мирзо чоп мешавад, ғайриқонунӣ аст. Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки маводҳои заруриро дар барои ҷинояткории Раҷаби Мирзо ба Прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳод намоем»

Дар сӯҳбати бидуни микрофон мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои Озодӣ изҳор доштанд, ки дар пайи таҳқиқи қазия ҳастанд ва ба зудӣ хулосаи худро пешкаш хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон чопи ду ҳафтанома бо як унвон дар Тоҷикистонро ҳодисаи бесобиқа меноманд. Марат Мамадшоев, коршиноси масоили матбуот гуфт, чопи ду нашрия ба як ном як ҳодисаи ғайриоддӣ ва номумкин аст. Оқои Мамадшоев ҳалли қазияро ин гуна мебинад:

«Бояд байни ду нашрия бояд як баҳси меҳнатӣ шавад ва тарафҳо бояд тариқи суд масъаларо ҳал кунанд. Ин баҳсро бояд суд ҳал кунад, на Вазорати адлия»

Ҳафтаномаи «Адолат» - и Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар ҳаҷми 8 ва нашрияи Ҳизби демократи Собиров дар ҳаҷми 4 саҳифа ба андозаи А3 ба нашр расидаанд.
XS
SM
MD
LG