Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари гуштигирони ҷавони тоҷик ба Маскав


Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон, ки аз 13-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири куллии Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ба ҳайати тими мунтахаби кишвар 16 нафар паҳлавонони навраси тоҷик дохиланд, ки дар байни онҳо барандагони ҷоизаҳои мусобиқоти байнулмилалӣ Санҷар Сарфарозов, Далер Мусофиров, Искандар Субҳонов, Набӣ Хоркашев, Ҳотам Ашӯров ва дигарон ҳастанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, барои аввалин бор аст, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонон дар пойтахти Русия доир мешавад. Дар рақобатҳо ширкати наздики 600 варзишкор аз 32 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Кумитаи тадорукоти мусобиқотро шаҳрдори Маскав Юрий Лужков сарварӣ мекунад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи ин мусобиқот шоми ҷумъаи 13 октябр баргузор мешавад.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Ориёно»-и Душанбе муддаъии ҷоизаи Конфедеросиюни футболи Осиё барои беҳтарин бозикуни ҷавони қора дар соли 2006 мебошад.

Вай дар бозиҳои қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Сингапур чаҳор гол задааст. Ҳамчунин бозикунони ҷавон Ма Суосу аз Чин ва Йоичиро Какитани аз Ҷопон барои дарёфти ин ҷоиза довталабанд. Боз ду довталаби дигар пас аз ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG