Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи қабули аснод барои адои ҳаҷҷ


Дар Тоҷикистон маъракаи қабули асноди хоҳишмандони зиёрати Каъба шурӯъ шуд.


Бино бар маълумоти Кумитаи дини кишвар тоҷикистониён имсол барои адои маносики ҳаҷҷ бояд 2.500 доллари амрикоӣ пардохт намоянд. Ин нарх дар муқоиса бо соли гузашта 200 доллар бештар будааст ва масъулини Кумитаи дин сабаби афзоиши қиммати ҳаҷҷро дар боло рафтани нархи меҳмонхонаҳо дар Саудӣ маънидод намудаанд.


Аз навгониҳои дигари ҳаҷҷи имсол он аст, ки маҳдудияти шумори ҳоҷиёни тоҷикистонӣ барҳам дода шудааст. Мақомоти Арабистони Саудӣ соли гузашта танҳо ба 3.600 шаҳрванди Тоҷикистон изни ҳаҷҷ карданро дода буданд.


Маросими қабули аснод то 10 ноябр идома мекунад ва танҳо маҳдудият ин аст, ки афроди синнашон зери ҳаждаҳ ва афроде, ки дар панҷ соли ахир ҳаҷҷ кардаанд, имсол аз ҳаққи зиёрати хонаи Аллоҳ маҳрум мебошанд.


Парвозҳои мустақим ба Саудӣ имсол аз Душанбе ва Хуҷанд сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG