Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ню-Йорк ҳавопаймои хурд ба бинои баландошёна бархӯрдааст


Дар маркази шаҳри Ню-Йорк як ҳавопаймои хурд ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ бархӯрд. Ҳодиса дар бахши шарқии минтақаи Манҳеттен (маркази Ню-Йорк) ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар бораи рабуда шудани ҳавопаймое иттилоъ пахш нашудааст. Хадамоти федералии назорати парвозҳои ИМА таъкид кард, ки ҳавопаймо тибқи ҷадвали он парвоз накардааст. То ҳол дар бораи талафот гузорише нашр нашудааст. Аз қисмати шарқии Манҳеттен дуди зиёд ба назар мерасаду чанд тирезаи бинои баландошёнаро оташ фаро гирифтааст. Солҳои гузашта чанд чархбол дар ин минтақа ва рӯди канори Манҳеттен сарнагун шудааст. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон ходимони хадамоти кашфи ИМА (FBI) гуфтаанд, ягон шаҳодате мавҷуд нест, ки тасодуф ҳамлаи террористӣ бошад.
XS
SM
MD
LG