Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Кумисюни интихоботӣ ба ODIHR


Кумисюни Марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон чошти рузи чаҳоршанбе эълом кард, ки агар Дафтари ниҳодҳои демокротӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо- ODIHR қасди идомаи фаъолият ва назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, бояд ҳарчӣ зудтар сабти ном кунад.


Муҳибуллоҳ Додоҷонов-раиси ситоди Кумисюни марказии интихобот зимни интиқоди шадид гуфт, созмони мазкур-ODIHR аз як ҳафтаи пеш вориди Тоҷикистон шудааст ва то ҳол дар кумисюн сабти ном накардааст. Додоҷонов афзуд, қавонини кишвари мизбон бояд ҳамеша аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ иҷро шавад.


То ҳол ODIHR ва Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар ин бора посухи расмӣ надодаанд, вале маққари аслии онҳо дар Варшаваи Лаҳистон гуфтааст, ки то ба ҳол баёнияи расмиеро аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҷараёни назорат дарёфт накардааст.


Ин созмон гуфтааст, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ба даъвати давлат аст ва рузи панҷшанбе бо мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон мулоқоти муқаддамотӣ хоҳад дошт ва пас аз он бо аз дастандаркорони дигари интихоботӣ, аз ҷумла бо кумисюни марказии интихобот, номзадҳои интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои гуруҳӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.


Додоҷонов гуфтааст, дафтари мазкур то бист руз қабл аз интихобот метавонад дар марҷаъҳои марбутаи Тоҷикистон барои оғози фаъолият сабти ном шавад ва барои ин кор ҳоло вақти кофӣ дорад. Дар ин рузҳо ODIHR аз ифтитоҳи ситоди худ ва оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон хабар дод ва Дафтари созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ба ҳайати гурӯҳи мазкур 12 коршинос ва 14 нозири дарозмуддат шомиланд.
XS
SM
MD
LG