Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Руссия аз Гурҷистон хориҷ мешаванд


Сергей Иванов-вазири дифоъи Руссия гуфтааст, ҳамаи низомиёни Руссия, ки дар Тифлис-пойтахти Гурҷистон қарор доранд, қабл аз вақти пешбинишуда дар ҷадвали замонӣ ба кишвари худ фаро хонда мешаванд. Ба гуфтаи оқои Иванов, ҳамаи 390 низомӣ ва 480 ғайринизомӣ қабл аз поёни соли ҷорӣ аз Гурҷистон хориҷ мешаванд.


Сабаби онро оқои Иванов сиёсати ба истилоҳ "хирадмандона"-и давлати Гурҷистон номидааст. Равобити ин ду кишвар баъд аз боздошти чаҳор шаҳрванди Руссия дар Гурҷистон ба сардӣ гароид. Гурҷистон идаъо мекунад, ки ин чаҳор нафар ба ҷосусӣ машғул будаанд.


Сергей Иванов ҳамчунин таъкид кардааст, ки тибқи нақша то соли 2008 Руссия ду пойгоҳи низомӣ, яъне пойгоҳи Батумӣ ва Ахалкалакиро дар Гурҷистон тарк мекунад. Вазири дифоъи Руссия мегуяд, Руссия омода нест манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад.


Аз суи дигар, оқои Иванов таъкид кардааст, ки нируҳои посдори сулҳи Руссия ин ду минтақаро тарк нахоҳанд кард, агар ҳамаи ҷонибҳои муноқиша хуруҷи ин нируҳоро тақозо накунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG