Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон ба афзоиши бекорӣ ру ба руст


Созмони Ҷаҳонии Кор мегуяд, имруз ҷаҳон ба буҳрони иштиғол ру ба ру шудааст ва барои рафъи ин буҳрон бояд дар саросари ҷаҳон тадобири зарурӣ андешида шавад. Хуан Сомавия-раиси созмони мазкур ин нуктаро дар мулоқоти вазирони кор ва шуғли аҳолии ҳашт кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон 10-уми октябр дар Маскав изҳор дошт. Дар ин мулоқот хотирнишон шуд, ки бо вуҷуди чаҳор дарсад боло рафтани мизони даромади нохолиси миллӣ дар ҷаҳон сатҳи бекорӣ дар саросари ҷаҳон ҳамчунон мисли ду соли пеш 6,3 дарсад боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Хуан Сомавия-раиси Созмони Ҷаҳонии Кор, дар бозори ҷаҳонии кор шумораи коргарони ғайрирасмӣ ва сабти ном нашуда афзоиш ёфтааст. Руссия аз ҷумлаи чунин кишварҳост ва аз ҷамоҳири шуравии собиқ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, шумораи зиёди муҳоҷирини корӣ ба таври ғайрирасмӣ ва бидуни қарордод бо кордиҳанда дар корхонаҳои мухталиф, ба вижа дар сохтмонҳо кор мекунанд. Хуан Сомавия таъкид кард, ки сабабҳои чунин вазъият ба кишвари худи муҳоҷирони корӣ низ иртибот дорад ва чунин кишварҳо бояд ҳали ин масъаларо зери назар бигиранд. Олга Богданова-сухангуи дафтари созмони ҷаҳонии кор барои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ ба радиои Озодӣ гуфт:

"Муҳоҷирати корӣ аз як су мушкили кишварҳои содиркунандаи нируи корӣ ва аз тарафи дигар мушкили кишвари мизбон низ ҳаст. Бино ба баъзе омор тақрибан як милён шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишварашон кор пайдо кардаанд. Аксари мутлақи онҳо дар Русия кор мекунанд. Созмони Ҷаҳонии Кор саъй мекунад, кору иқомати онҳо дар қаламрави Руссия ба муқаррарот ва муқовиланомаи ин созмон мутобиқат кунад".

Олга Богданова мегуяд, Созмони Ҷаҳонии Кор дар ин замина бо мақомоти марбутаи Руссия ҳамкорӣ мекунад ва ин кишвар дар як соли ахир ба унвони мизбони муҳоҷирини корӣ қонунҳои худро ба муқаррароти байналмилалӣ мутобиқ месозад. Аммо Тоҷикистон-кишвари содиркунандаи нируи корӣ чӣ тавр? Оё он барои танзими судури нируи корӣ ба хориҷ барномае дорад? Дар гуфтугуе бо радиои Озодӣ Ҷамшед Қуддусов-ҳамоҳангзози барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Кор дар Тоҷикистон гуфт, барои танзими муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ дар соли 2006-2007 дар сатҳи давлатӣ барномае таҳия шудааст:

"Дар ин барнома якчанд чорабинӣ барои такмил ва идораи ин раванд дар сатҳи давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои омода кардани муҳоҷирони корӣ ба сафар ҳам дар назар аст. Лекин миқёсу мизони муҳоҷират дар ин барнома ба андозаи кофӣ дар назар гирифта нашудааст. Барои ташкили сохтори муккамали давлатӣ ё созмони марбут ба танзими муҳоҷирати корӣ пул ва нируи корӣ зарур аст. Гузашта аз ин, ҳоло системи мавҷудаи тарбияи касбии коргарон дар Тоҷикистон хостҳои бозори ҷаҳонии корро бароварда наметавонад".

Оқои Қуддусов меафзояд, омодагии равонии муҳоҷирони корӣ, донистани забон ва қонунҳои кишвари мизбон низ барои фаъолияти муваффақиятомези муҳоҷирони корӣ нақши хеле муассир дорад. Дар мулоқоти вазирони кор ва шуғли аҳолии 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Маскав таъкид шуд, ки дар давоми даҳ соли оянда 430 милён нафар нируи корӣ дар саросари ҷаҳон бидуни ҳеҷ гуна сабти ном ба таври ғайрирасмӣ вориди бозори ҷаҳонии кор хоҳанд шуд. Бино ба омори мунташира дар ин муддат мизони бекорӣ дар миёни ҷавонон афзоиш хоҳад ёфт. Ҳар дуи ин падида бе чуну чаро ба Тоҷикистон низ иртибот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG