Пайвандҳои дастрасӣ

Се миллион садои ҷавон. Ва аммо ба нафъи кӣ?


Имрӯз дар Тоҷикистон аксар ҷамъияти қобили раъйро ҷавонони 18 то 35 сола ташкил медиҳанд. Омори расмӣ ҳокист, ки ин бахши ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 44 дар сади аҳолии 7 миллион нафараи кишвар мебошанд. Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд:

«Синну соли ҷавононе, ки дар интихобот иштирок мекунанд, тақрибан дар тамоми ҷумҳурӣ қариб нисфро ташкил медиҳанд, се миллион, ки ин 44, 3 фоиз мебошад.»

Омори давлатӣ аз лиҳози иҷтимойӣ ин нирӯи бузурги ҷавононро ба бахши муҳассилони мактабҳои олӣ, кормандони сохторҳои давативу ҷамъиятӣ тақсим мекунанд. Дар айни замон, қисмати бузурги онҳоро бекорон ва муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Ҷомеашиносон мегуянд, аз нигоҳи куллӣ ҷавонони Тоҷикистонро мешавад чун як нируйи парокандаву номуташаккил тавсиф кард. Ҳарчанд зоҳиран дар кишвар ҳудудан 200 созмону ташаккулҳои давлативу ғайридавлатии махсуси ҷавонон сабти ном шудаанд. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, як созмони саросарии ҷамъиятист, ки ба қавли масъулинаш аз Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумат аз ҳисоби мактабиёну донишҷуён ҳазорҳо аъзо дорад. Носир Буриев, як масъули Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

«Дар Тоҷикистон иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки созмони иҷтимоӣ маҳсуб мегардад, ки то ҳозир 150.000 узв дорад. Бар ин илова, созмонҳои талабагон аст, дар тобеъияти Вазорати маорианд, Ахтарон, Ворисони Сомониён ва Сомониён. Бар замми ин, Кумитаи кор бо ҷавонон якчанд шӯроҳо таъсис додааст.»

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори мустақил Умаралии Сафаралӣ мегӯяд, ки ин созмон дар фаъолияташ аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ комилан пайравӣ мекунад ва аз ин хотир, наметавонад ормонҳои кулли гуруҳҳои ҷомеаи ҷавони Тоҷикистонро бароварда созад.

«Имрӯз дар ТҶК созмонҳои фаъоли ҷавонон нест. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ танҳо Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон аст, аммо фаъолияташ чандон назаррас нест. Чанд ҳафта пеш бо баргузории як анҷуман ва пешниҳоди номзад ба президентӣ хомӯш шуд, дигар садои ин Иттиҳод баланд намешавад.»

Умаралӣ мӯътақид аст, ки иллати аслии набуди созмонҳои умдаи сиёсии ҷавононро бояд чун мероси ҷанги дохилӣ арзёбӣ кард. Имруз аксари кулли 8 ҳизби сиёсии сабтниномшудаи Тоҷикистон мегуянд, ки насли ҷавони аъзои худро тарбия мекунанд, ва шумори онҳо ҳам кам нест. Аммо таҳлилгарон мегуянд, дар ҳоле, ки аксар ҳизбҳои мухолифин бо мушкилоти моливу сиёсӣ рубаруянд, амалан барои муташаккил кардани ҷавонон ва таблиғи ақоиди сиёсиашон имконияти маҳдуд доранд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз умдатарин ташаккулҳои сиёсии кишвар аст, ки бахши ҷавонони худро дорад. Руқия Нурӣ, як узви ин бахш аст. У мегуяд, ҷавонони тоҷик мушкилоти фаровон доранд ва аз ин рӯ, ба қавли Руқия, таоқозои навовариҳои бештарро мекунанд.

«Ҷавононанд, ки сарнавишти як кишварро онҳо таъин мекунанд. Аммо шароите муҳайё надоранд, мераванд Русия. Дуюм ин ки дар сатҳи маърифатнокӣ бояд бештар ба назар гирифта шавад.»

Руқия Нурӣ мегӯяд, роҳи ҳалли мушкилоти ҷавононро дар тарбияи раҳбарони ҷавон мебинад

«Дар ҷомеа чизи наве эҷод кунанд ва тавонанд ҷавононро ба он чиз таблиғ намоянд. Ман дӯст дорам, сатҳи илму дониши ҷавононамон он қадар баланд бошад, ки фардо мушкиле пеш наояд ва агар, ки масъуле аз кор рафт, мо бояд ҷавони омодае дошта бошем, ки дар ҷои он бигзорем.»

Аз ин сабаб, ба андешаи аксар таҳлилгарон, роҷеъ ба интихоботи қарибулвуқуъ ҳам ҷавонон иттилои нокофӣ доранд. Пурсише, ки мо дар заминаи иттилооти интихоботии ҷавонон анҷом додем, назари аксар таҳлилгаронро тасдиқ мекунад.

«Медонам, ки Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович аст, дигарашро намедонам.»
«Президенти ҳозира Раҳмонов ва боз яктои дигар ҳаст ку, Олим Бобоев. Дигаронашро ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.»
«Медонем, ки коммунистҳоянд, демократҳоянд ва бисёр вайҳо ҳастанд, мумкин бошанд…Номҳояшонро намедонам.»
«Намедонам.»


Ба андешаи аксар ҷавонони тоҷики муқими Русия, айнан ҳамин руҳияро мешавад дар миёни муҳоҷирони корӣ ҳам мушоҳида кард. Тибқи иттилои расмӣ, солона ҳудудан 450 ҳазор аҳолии Тоҷикистон дар ҳиҷрат ба сар мебарад, ва ҳар нафари дуввуми онҳо ҷавони 18 то 35 сола мебошад. Қадим Сабурӣ, ҷавони 29-солаи сокини вилояти Самара мегуяд, аз руйдодҳои кишвар ва таҳаввулоти интихоботии он ҳаддалимкон огаҳ аст.

«Вазорати адлия як вақт мактуб навист, ки демократҳоро бо раҳбарии Искандаров мешиносад, боз навишт, ки бо раҳбарии Собиров мешиносад. Вазорати адлия ин ҷо ноодилона рафтор кард. Ин маълум аст, ки президенти ояндаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аст, зеро рақибоне, ки дар баробари ӯянд, рақиб ҳам нестанд.
Дар интихобот мо мехоҳем ширкат варзем, вале корҳои мо ки мавсимӣ сурат мегиранд, октябр, ноябр, декабр ин ҷо ҳаво гармтар аст, мо бояд корҳои худро анҷом диҳем. Барои ҳамин ман ҳоло гуфта наметаовнам, ки иштирок карда метавонам ё не. Ман ҳоло намедонам, ки дар Самара маркази интихоботӣ ташкил шудааст ё на, ман намедонам.»


Аммо нуктаи ҷолиб ва дар айни замон тозае, ки дар миёни ин пурсишҳо садо дод, ин нигаронӣ аз имкони такрор шудани руйдодҳои баъдиинтихоботии шабеҳи Украинаву Гурҷистон мебошад. Мисли ин ҷавон, ки мегӯяд:

«Аз он дар ҳарос ҳастам, ки Худо накунаду дар рафти интихоботи мо мисли Гурҷистон шавад, вале умед дорам, ки дар ҷумҳурии мо ин хел нахоҳад шуд ва маъракаи интихоботии мо бо як рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ ба анҷом мерасад.»

Ҳарчанд аксар таҳлилгарон бо овардани чандин далел, аз ҷумла номуташаккил будани нирӯҳои мухолифин ва тоза будани хотироти ҷанги шаҳрвандӣ имкони сар задани ба истилоҳ ҳар гуна ошӯбу инқилобҳои рангаро аз назар соқит мекунанд, аммо мегуянд, ки дар оянда садои ноқаноатмандии насли баъдиҷангии ҷавонони Тоҷикистон аз қонуншиканиҳои мақомоту норизоиятҳои иқтисодӣ метавонад ҳар чӣ баландтар садо диҳад. Ба унвони далел, онҳо бебандубориҳои консерти ахири Ораш ва баъзе бозиҳои футболро мисол меоранд, ки бо ширкати наврасон рух доданд.
XS
SM
MD
LG