Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти ном шудани ду довталаби мақоми президенти Тоҷикистон


Имрӯз, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Абдулҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби сотсиалисти ин кишвар ва Амир Қароқулов сарвари ҳизби кишоварзии Тоҷикистон гувоҳиномаи номзад ба мақоми президентиро тақдим намуд.


Мирзоалӣ Болтуев раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъй пурсии Тоҷикистон гуфт, ҳар ду номзад ба ҷонибдории худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъ овардаанд. Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ба тарафдории номзади худ Амир Қароқулов беш аз 175 ҳазор имзо ва Ҳизби сотсиалист дар пуштибонӣ аз номзадаш Абдуҳалим Ғаффоров ҳудуди 160 ҳазор имзо ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кардаанд.


Раиси КМИР гуфт, бар асоси шумориши имзоҳои пешниҳод шуда ин ниҳод Абдуҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби сотсиалист ва Амир Қароқулов раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистонро ҳамчун довталаб ба мақоми раиси ҷумҳурии кишвар сабти ном кард. Ҳамчунин КМИР бо таъйиди ду феҳрасти пешниҳод намудаи номзадҳои мазкур афроди шомили ин рӯйхатҳоро ба намояндагӣ аз довталабони курсии раёсати ҷумҳур ба ҳайси ашхоси мавриди эътимод сабти ном кардааст.


Ва аммо номзади ҲДТ, Табаралӣ Зиёев бинобар гирд оварда натавонистани шумори лозимии имзоҳо сабти ном нашуд. Ба ҷонибдории Табаралӣ Зиёев беш аз 120.000 имзо гирд оварда шудааст ва ҳол он ки қонун барои сабти ном 162.000 имзо муайян кардааст.
XS
SM
MD
LG