Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи ситоди нозирони САҲУ дар Душанбе


Дафтари ниҳодҳои демокротик ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории аврупо - ODIHR бо ифтитоҳи ситод дар шаҳри Душанбе расман ба маъмурияти интихоботии худ дар Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Маркази созмони амнияту ҳамкории аврупо дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи нозирони ин созмон, ки фаъолияташон дарозмуддат хоҳад буд, ба манзури назорати корзори интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон вориди пойтахти ин кишвар шаҳри -Душанбе шудааст. Маркази созмони амнияту ҳамкори аврупо дар Тоҷикистон хабар додааст ба ҳайати гурӯҳи мазкур 12 коршинос ва 14 нозири дарозмуддат шомиланд. Интизор меравад ҳайати гурӯҳи нозирони ширкат намоянд.
Аз ин пеш 26 сентябр ситоди нозирони ҷомеаи кишварҳои муштаракакулманофеъ дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ карда буд. Дар маҷмуъ бинобар бар маълумоти КМИР раванди интихоботи раёсати ҷумҳуотт ин кишварро 6 ноябр ҳудуди 700 нафар нозирони хориҷӣ мушоҳида менгамоянд.
XS
SM
MD
LG