Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рад шудани номзадии Мирҳусейн Назриев


Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадии Мирҳусейн Назриев, раиси яке аз ду ҷиноҳи ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба мақоми раёсати ҷумҳуриро расман рад кард.


Анҷумани Ҳизби сотсиалисти Назриев номзади раиси ин ҳизбро ба мақоми раиси ҷмуҳурӣ пешбарӣ карда буд. Вале оқои Назриев қаблан эълом дошта буд, ки номзадии худ ба мақоми раёсати ҷумҳуриро бозпас хондааст.


Аммо Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи ахири комиссиюн масъалаи рад шудани номзадии оқои Назриев пас аз таҳқиқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Мирҳусейн Назриев, раиси яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон гуфт, дар анҷумани ҳафтуми ин ҳизб асноди пешбарии номзадии ӯ ба Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ирсол шуда буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар маводи пешниҳодшуда қарори анҷумани ҲСТ-И Назриев дар мавриди беэътибор донистани баргузорӣ ва қарорҳои анҷумани ҳизби сотсиалисти Абдуҳалим Ғаффоров ба ин комиссиюн низ шомил буд.


Ин дар ҳоле, ки Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзади ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоровро барои ҷамъоварии имзои ҷонибдорон иҷоза дода аст ва феълан ӯ теъдоди зарурии имзои ҷонибдорони худро ҷамъ оварда ба комиссиюни марказии интихобот пешниҳод кардааст. Тавре дар ин комиссиюн иттилоъ доданд, имзоҳои ҷамъовардаи ҷонибдорон ва асноди оқои Ғаффоров феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи комиссюн қарор аст натиҷаи ин омӯзиш, яъне сабти ном шудан ва ё нашудани оқои Ғаффоров ба ҳайси номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ рӯзи чаҳоршанбеи 11 октябр эълом шавад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG