Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ 4 медол ба даст оварданд


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯён дар шаҳри Алматии Қазоқистон чаҳор медол ба даст овард.

Абдурашид Маҳмадҷонов, раҳбари мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, ин мусобиқот барои дуввумин бор аст, ки баргузор мешавад. Вай афзуд: "Тими Тоҷикистон нахустин бор дар ин мусобиқот ширкат варзид. Дар дуввумин давраи мусобиқот дар Алмати дастаҳои мунтахаби 18 кишвари олам рақобат карданд. Дар ҳисоби дастаӣ тими Қазоқистон бо 6 медоли тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Тими Русия мақоми дуввумро касб кард. Дастаҳои Узбакистон ва Муғулистон дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифтанд. Тими Тоҷикистон миёни даҳ дастаи беҳтарини донишҷӯёни кишварҳои ҷаҳон ҷойгир шуд."

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 51 килограмм бар варзишгарони Ҷопону Муғулистон пирӯз шуда, дар бозии ниҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон мағлуб гашт ва соҳиби медоли нуқра гардид. Се намояндаи дигари Тоҷикистон - Шералӣ Достиев дар вазни 48 килограмм, Баҳодур Каримов дар вазни 54 килограмм ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 килограмм мақоми севвумро ишғол карда, бо медолҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ба гуфтаи Абдурашид Маҳмадҷонов ин мусобиқот барои варзишгарони тоҷик як давраи омодагӣ ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG