Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи байналмилалии тиббӣ дар Тоҷикистон


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дуввумин намоишгоҳи байнулмилалӣ таҳти унвони «Тандурустӣ» - 2006» ба кор шурӯъ кард. Дар он 30 ширкат аз 14 кишвари ҷаҳон фаровардаҳои муосири саноеъи тиббиро ба маърази тамошо гузоштаанд.
Намоишгоҳ бо ибтикори ширкати ITE Group, ITECA OSIYO ва дар ҳамоҳангӣ бо вазорати беҳдошти Тоҷикистон доир гардид ва қарор аст то 12 октябр идома ёбад. Ба иттилоъи дафтари матбуъоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, тавассути намоишгоҳи «Тандурустӣ» - 2006" ширкатҳои маъруфи Утриш, Олмон, Фаронса, Швейсария, Маҷористон, Ҳиндустон, Ирон, Ҷопон, Укроин, Русия, Белорус, Қирғизистон ва Ӯзбакистон тавлидоти ахири худро муаррифӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG