Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатияи "ором"?


Иёлоти Муттаҳида сиёсатшинос Наврӯз Некбахтшоев Дар Тоҷикистон теъдоди бузурги созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, созмонҳои имдодрасон, мусоидат ба рушди демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъолият доранд. Ва аммо аҳзоби сиёсӣ аз нақши ин созмонҳо дар рушди демократия ва озодиҳои шаҳрвандон розӣ нестанд.Чаро? Ва чаро бархе аз кишварҳо дар Тоҷикистон бештар аз аҳдофи геополитикии худ ҳимоят мекунанд, на аз бунёди ҷомеъаи озоду демократӣ?

Ба иттилоъи International Crisis Group, чанд сол пеш дар Тоҷикистон нишонаҳои ташаккули демократия мушоҳида мешуд, ва аммо созмонҳои байнулмилалӣ ва умуман ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо бузург намоиш додани нақши раисиҷумҳур дар сиёсати кишвар, эшонро муътақид сохтанд, ки аз ин ба баъд ҳама чиз мувофиқи табъи дили вай сурат бигирад. Илова ба ин, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо такя ба иттилоъи расмӣ, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ягона кафили субот дар кишвар муаррифӣ мекунад, ҳарчӣ бештар аз сиёсати феълии раҳбарияти Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Созмонҳои муътабаре чун Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз интиқоди режими кунунӣ худдорӣ варзида, фаъолияти худро дар ин кишвар ба маҷрои камихтилоф равона кардаанд. Аз ҷумла, САҲА солҳои ахир ба ислоҳоти қавонини интихоботӣ, ҳуқуқи башар, сабти номи аҳзоби мухолиф кам таваҷҷуҳ мекунад. Ивес Баргайн ин гуна мавқеъро "дипломатияи хомӯш" ё "дипломатияи ором" номгузорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки наъразанӣ оиди ҳуқуқи башар муфид аст, ва аммо баъзан кас аз дигар роҳҳо низ метавонад ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ шавад. Манзураш, бо ҳукумат ҳамкорӣ бояд кард, на мухолифат. Зимнан, САҲА барои лағви ҳукми эҳдом дар Тоҷикистон талош кард, вале дар дигар масоил, аз ҷумла, дифоъ аз ҳуқуқи башар ва волояти қонун дар кишвар комёб нашудааст.
Аз сӯи дигар, дипломатҳои кишварҳои гуногун дар масоили доғи сиёсии Тоҷикистон назарҳои гуногун баён мекунанд. Аз ҷумла, сафири собиқи Иёлоти муттаҳида Ричард Ҳоугленд ислоҳот дар қавонини интихоботро ташвиқ ва аз фасод дар Тоҷикистон интиқод мекард. Ва аммо Ричард Баучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико саҳнаи сиёсии Тоҷикистонро барои интихоботи раёсати ҷумҳур мусоид хонд ва омодагӣ ба интихоботро чун қадаме ба пеш дар роҳи иҷрои меъёрҳои демократия арзёбӣ кард. Ва ин дар ҳолест, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ, бо сабабҳои маълум, ягон ҳизб тавону имкони рақобат бо ҳизби ҳокимро надорад. Зимнан, ба вуқуъ омадани ин гуна вазъро чанд моҳ пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов пешгӯӣ карда буд. Ӯ ҳатто аз чаҳорчӯби ваколати худ берун рафта изҳор карда буд, агар касе ба сари қудрат боқӣ мондани Раҳмонов шак дорад, бигзор ба ӯ (ба сафир) муроҷиат кунад. Ва ин табиист - сиёсати ҳукумати феълӣ комилан ҷавобгӯи хостаҳои Русия аст, ки мехоҳад соҳаи энерҷии Тоҷикистонро таҳти назорат дошта бошад ва ҳамзамон мавқеъи геополитикии худ дар ин кишварро ҳифз кунад. Ба аммо ғайритабиӣ он аст, ки Амрико низ, шояд ба хотири заъиф кардани нуфузи Русия ва афзоиши нуфузи геополитикии худ, на ба масоили ҳассоси сиёсӣ, балки ба рушди ҳамкориҳо дар бахши енерҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Ҳадди аққал, аз сафари ахири Ричард Баучер ба Тоҷикистон ҳамин гуна тасаввур ҳосил мешавад. Шояд ин ҳама як зуҳури "демократияи ором" аст?
Бо такя ба таҷрибаи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ҳифзи мувозинат миёни аҳдофи геополитикӣ ва рушди демократияву ҳуқуқи башар метавон ҳадс зад, ки аҳдофи дуввумӣ қурбонӣ ҳадафҳои геополитикӣ хоҳад шуд. Барои аҳдофи аввалӣ на фазои ҳассоси демокросӣ ё ҷомеъаи озод, балки шароити феълӣ - шароити айни ҳол босубот, зарур аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки доктринаи сиёсати берунаи Иёлоти Муттаҳида ислоҳоти сиёсӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башарро пояи суботу оромӣ мехонад.
XS
SM
MD
LG