Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ номзад: Оё шумо аллакай интихоби худро кардаед?


ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон.

23.09.2006 дар Анҷумани Ҳизби халқӣ-демократӣ ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудааст.
ҲХДТ соли 1994 аз ҷониби Вазорати адлия сабти ном шудааст.


Эмомалӣ РАҲМОНОВ 5.10.1952 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Омӯзишгоҳи касбию техникии шаҳри Қурғонтеппа (1970) ва шӯъбаи ғоибонаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин-ро (1977-1982) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1970 ба сифати мутахассиси барқ дар заводи равғанбарории шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

1971-1974 хидмат дар сафи нерӯҳои обии Шӯравӣ.

Баъд аз анҷоми хидмат боз ба ҳайси муҳандиси барқ дар корхонаи равғанбарории Қурғонтеппа, раҳбари иттиҳоди косибон, котиби ҳизб кор кардааст.
1987 - 1992 мудири совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара
1990 вакили мардумии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1992 раиси кумитаи иҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти Кўлоб
1992 -1994 раиси Шўрои Олии Тоҷикистон

6 ноябри соли 1994 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1999 дубора ба ин маснад интихоб шуд.

Аз соли 1998 раҳбари ҲХДТ,

Оиладор, соҳиби нӯҳ фарзанд.



ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ. Вакили Маҷлиси намояндагон, узви кумитаи оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз. Котиби кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

23.09.2006 дар Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст.
ҲКом.Т соли 1991 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
.

Исмоил ТАЛБАКОВ 24.03.1955 дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) таваллуд шудааст.

1972 -1976 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, дар факултаи иқтисод таҳсил кардааст.

1976 - 1980 сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи комиҷроияи ноҳияи Совет,
1980 - 1981 инструктори кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунист дар ноҳияи Совет.

1981-1983 хидмат дар артиши Шӯравӣ.

1983-1993 дар кумитаи ҳизбии ноҳияи Совет дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ, аз ҷумла, котиби якуми кумитаи ҳизби ноҳиявӣ кор кардааст.
1993-2000 котиби якуми минтақавии кумитаи Ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб.

2000-2005 вакили порлумон узви кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, муовини раиси фраксияи ҲКТ дар порлумон.
2000-2005 узви кумитаи умумӣ оид ба масоили иқтисод, фанновариҳои муосир ва муҳит дар ассамблеяи порлумонии САҲА
2005 вакили порлумон аз ҳавзаи ягона, аз рӯйхати ҲКТ, узви кумитаи оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз,

Котиби кумитаи марказии ҲКТ.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.




ОЛИМ БОБОЕВ. Ректори Донишкадаи нақлиёт. Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

18.10.2006 дар Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур интихоб шудааст.
ҲИИТ 28.10.2005 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст.


Олим БОБОЕВ 5.01.1952 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

1967-1972 дар Донишкадаи политехники Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси муҳандис таҳсил кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисод ва ташкили истеҳсолот дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
1975-1979 аспиранти академияи идораи давлатии шаҳри Москва ба номи С. Ордженикидзе,
1979-1991 ассистент, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва ташкили нақлиёи Донишкадаи политехникӣ,
1991-1993 докторанти институти иқтисодии ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи улуми Тоҷикистон,
1993-1994 декани Донишгоҳи политехникӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ,
1994-2000 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
2001-2003 директори пажӯҳишгоҳи нақлиёт,

2003 то имрӯз ректори Донишкадаи нақлиёт.

Академики академияи байналмилалии нақлиёт, доктори илмҳои иқтисод, профессор. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999




АМИР ҚАРОҚУЛОВ. Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон.

17.09.2006 дар Анҷумани Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудааст.
ҲКиш.Т 15.11.2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст.



Амир ҚАРОҚУЛОВ 15.07.1942 дар вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст.

1955 - 1959 омӯзишгоҳи зооветеринарии Сталинобод
1959 - 1964 факултаи зоотехникии Донишгоҳи кишоварзӣ

1964 -1965 зоотехники колхози ба номи Ленин дар ноҳияи Турсунзода
1965 котиби аввали кумитаи комсмоли ноҳияи турсунзода
1968 сардори шӯъбаи ташкилотҳои комсомолии кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон
1971 коршиноси риштаи кишоварзии шӯъбаи кишоварзии кумитаи марказии Ҳизби коммунист
1972 муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон
1983 котиби аввали кумитаи Ҳизби коомунисти Файзобод

1985 - 1986 ғоибона дар мактаби олии Академияи фанҳои ҷамъиятшиносии назди кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст.

1985-1989 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон

1986 мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

1982 - то ҳозир директори институти илмӣ- тадқиқотии чорводории Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири шӯъбаи селексия ва технологияи говҳои сергӯшт ва қутоспарварии ҳамин муассиса

2001 - то имрӯз ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.




АБДУЛҲАЛИМ ҒАФФОРОВ. Директори маркази такмили ихтисоси кормандони макотиби олии ДДМТ. Раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон.

17.09.2006 дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
ҲСТ соли 1996 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Соли 2004 як гурӯҳ аъзои ҳизб зери раҳбарии А. Ғаффоров ва Қ.Восиев бо баргузории як анҷуман раёсати ҳизбро ба худ иктисоб доданд ва Вазоратия адлия онҳоро ба расмият шинохт.
Ва аммо Ҳизби сотсиалисти Мирҳусайн Назриев шадидан аз ин тасмим интиқод намуда ва Абдулҳалим Ғаффоровро эътироф накардааст.



Абдулҳалим Ғаффоров 24.12.1951 дар ноҳияи Панҷакат таваллуд шудааст.

1968 - 1972 дар факултаи таърих ва филологияи донишкадаи омӯзгорӣ ба номи Шевченко (ҳозира Қандил Ҷӯраев) таҳсил намудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз вазифаи лаборанти калони шӯъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон шурӯъ шудааст.

1973 -1975 дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Новгород хидмат кардааст.

1975 - 1982 дар кафедраи марказии таърихи КПСС-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дар вазоифи гуногун кор кардааст.

1982-1986 дар Афғонистон хидматӣ ҳарбӣ ё кор?

1986 - 2002 дар кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.

2002 - 2004 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф
2004-2006 мутахассиси пешбари шӯъбаи забони Вазорати маориф
2006 - то имрӯз директори маркази такмили ихтисоси кормандони макотиби олии ДДМТ

Аз соли 1998 то 2004 узви ҲСТ ва ҳамзамон, раҳбари ҲСТ дар Душанбе. Соли 2004 дар як Анҷумани ғайринавбатии як гурӯҳ аъзои ҳизб раиси ҲСТ интихоб шудааст.

Ду маротиба номзадии худро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст.
Номзади илмҳои педагогика (1997), Аълочии маорифи Тоҷикистон,

Оиладор, соҳиби ҳафт фарзанд ва панҷ набера,
XS
SM
MD
LG