Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози маъмурияти нозирони байнулмилалӣ


Дар остонаи интихоботи раёсати дар Тоҷикистон Дафтари Ниҳодҳои Демократик ва Ҳуқуқи Башари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо маъмурияти назорати интихоботии дарозмуддати худ дар ин кишварро оғоз кардааст.
Ин созмон дар баёнияи худ мегӯяд, ки ҳайъати нозирон мураккаб аз 12 коршинос ва 14 нозири дарозмуддат аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор хоҳанд кард. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки дар сурати созгории шароити корзори интихоботии Тоҷикистон бо мавозини демократик аз кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо тақозо хоҳад шуд, ки барои назорат бар раъйгирии шашуми ноябр 100 нозири дарозмуддати дигар бифиристанд.
Аммо Дафтари Ниҳодҳои Демократик ва Ҳуқуқи Башар ҳушдор медиҳад, ки агар таркиби номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони интихоби ростинро надиҳад ё агар муҳити расонаӣ барои дарёфти иттилоъоти кофӣ дар бораи интихобот мусоидат накунад, ҳайъати нозирон маъмурияти худро бознигарӣ хоҳад кард.
Гузориш шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи шанбеи 7 октябр нашри панҷ сомонаи интернетии мустақил дар қаламрави кишварро масдуд карданд ва гуфтаанд, ки ин сомонаҳо амнияти миллиро таҳтушшуъоъ қарор медиҳад.
Бархе аз хабарнигорон бар ин боваранд, ки ин маҳдудиятҳо бо интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ бастагӣ дорадт.
Матлаби вижаи Озодӣ дар ин бора
XS
SM
MD
LG