Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тавсияҳои нозирони интихоботӣ чӣ суд?


Шумори зиёде аз мухолифони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар давраҳои гузаштаи интихобот дар Тоҷикистон низ аз мавориди нақзи қонуни интихобот ва набуди шаффофияти комил дар раъйдиҳӣ шикоят карда буданд, вале аз он шикоятҳо натиҷаи малмусе мушоҳида намешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин бор ҳам мушкилотеро метавон аз ҳамин ҳоло дид ва онҳо буҳрони Ҳизби Демократи Тоҷикистонро намуна меоваранд, ки дар ҷараёни корзори интихоботӣ ба ногоҳ раҳбарии тозае дар он расман шиносоӣ шуд ва ҳизб дар ҳарҷу марҷе тоза гирифтор монд.

Урдур Гуннарсдоттир, сухангӯи Дафтари Ниҳодҳои Демократик ва Ҳуқуқи Башари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар шаҳри Варшав мегӯяд, ки ин созмон дар мавриди масоили марбут ба интихобот бетафовут нахоҳад буд:

"Мо ба ҳар масъалаи марбут ба интихобот таваҷҷуҳ хоҳем кард. Албатта, дар Тоҷикистон намояндагии доими Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар душанбе вуҷуд дорад. Аммо ман наметавонам ҳоло ба шумо бигӯям, ки чӣ коре хоҳем карду чӣ коре на. Вале нозирони мо ҳатман тайи як моҳ ё яку ним моҳи оянда ба ҳамаи масоили марбут ба интихобот таваҷҷуҳ хоҳанд кард ва ин вазифаи онҳост."

Аз Урдур Гуннарсдоттир пурсидам, ки оё, ба назари вай, интиқодҳои қаблии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз интихоботи гузаштаи Тоҷикистон корсоз воқеъ шуд? Оё иддаъои ононе, ки мегӯянд, интиқодҳои нозирони байнулмилалӣ чизеро тағйир надодааст, дуруст аст? Бону Гуннарсдоттир гуфт:

"Мо дар гузорише зери унвони "Арзёбии ниёзҳо", ки ахиран мунташир шуд, ба чанд нукта ишора кардаем, ки ба назари мо, бояд дар Қонуни интихоботи Тоҷикистон тағйир кунад. Шумо дуруст мегӯед, мо дар давраҳои гузаштаи интихобот дар Тоҷикистон мушкилотеро мушоҳида карда будем ва ҳамаи онҳо то кунун рафъ нашудааст. Вале бояд таваҷҷуҳ дошт, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо қудрати иҷроӣ надорад ва наметавонад ба касе дар кишваре дигар дастур диҳад, ки кореро анҷом диҳад. Ҳатто наметавонад аз онҳо чизеро тақозо кунад. Мо танҳо нозирони интихоботӣ ҳастем ва танҳо метавонем чашмдидҳоямонро тасвир кунем. Мо наметавонем ба мақомот дастур бидиҳем, ки чӣ кор кунанд. Ин кори худи онҳост."

Агар риъоят ё адами риъояти тавсияҳои нозирони байнулмилалӣ кори худи мақомот бошад, аз ин тавсияҳо чӣ суд? Ин пурсишро низ бо сухангӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар миён гузоштам ва посухи ӯ чунин буд:

"Манфиъате, ки аз ин назорати интихоботӣ мерасад, ин аст, ки мо метавонем ба мушкилоти мавҷуд дар ҷараёни интихобот ишора кунем ва бигӯем, ки аз чӣ роҳҳое метавон онҳоро ислоҳ кард. Яъне мо метавонем тавсияҳо ва ёрии фаннӣ дар ихтиёри мақомот қарор диҳем, то вазъият беҳтар шавад. Аммо барои беҳбуди вазъият мо ба иродаи сиёсии мақомот ниёз дорем. Ин чизест, ки мо дар кишварҳои бисёре анҷом медиҳем ва шуморе аз онҳо бисёр хушҳоланд барои беҳбуди системи интихоботӣ аз мо тавсия ва кумаки фаннӣ дарёфт кунанд."

Дар воқеъ, дар санади мавсум ба "Арзёбии Ниёзҳо", ки Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон мунташир кардааст, таъкид шуда, ки бархе аз мавориди Қонуни интихоботи Тоҷикистон бояд ислоҳ шавад. Аммо ин дақиқан ҷумлаест, ки солҳо пеш (12 феврали 2002) Марк Гилберт, раиси вақти ҳайъати Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон гуфта буд: "Қонуни интихобот ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба ислоҳ ниёз дорад." Такрори тавсияҳои нозирони байнулмилалӣ бо гузашти ин ҳама сол шуморе аз мухолифони давлати Тоҷикистонро дилсард кардааст.
XS
SM
MD
LG