Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти демократ кист?


Сиёсатшиносон мегӯянд, раисиҷумҳурҳои зиёде дар мамолики гуногун худро демократ меноманд, вале президентҳои воқеъан мардумсолор чи дар саҳнаи имрӯзаи ҷаҳон ва чи дар таърих зиёд набудаанд. Аммо бо вуҷуди камшуморӣ, ҳар яки онҳо симои дурахшон, мондагор ва ибратомӯз номида мешавад.
Ба монанди Нелсон Мандело, Франсуа Миттеран, Ватслав Ҳавел ва дигарон.

Таҳлилгари умури сиёсӣ Алиризои Нуризода мегӯяд, беш аз ҳама Билл Клинтон ба меъёрҳои як раисиҷумҳури демократ ҷавобгӯ будааст: "Ҳам аз лиҳози чашмандози зеҳнӣ ва ҳам аз рӯи амалаш Клинтон дар раддбандии президентҳои демократ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад."

Журналисти тоҷик Мухтор Боқизода ин нуктаро қабул надорад ва мегӯяд, дар аъмоли бархе аз президентҳои ҷаҳони муосир кам ё беш аносири мардумсолорӣ ба назар мерасад, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳоро наметавон ба маънои томаш демократ номид. Биноан ӯ рӯ ба таърихи бостон меорад: "Вақте ман калимаи президентро мешунавам, дар пеши назарам симои хаёлии Куруши Кабир зуҳур мекунад, ки тавонист на танҳо барои мардуми худ, балки барои ҳамаи қавму миллатҳои сарзаминаш низоми қонунманд ва осудаеро ба вуҷуд орад ва мардум ҳам инро қабул карданд."

Аввалин ва муҳимтарин хислати сарварони мардумсолор, аз нигоҳи ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов риояи қонунҳои демократист, ки тибқи онҳо бояд бо поёни мӯҳлат аз саҳна хориҷ шаванд ва ба интихоботи озоду демократӣ роҳ кушоянд. Вай мегӯяд, чунин таҷрибаҳо на танҳо дар Иёлоти Муттаҳида ва ё Аврупои Ғарбӣ, ҳатто дар баъзе аз кишварҳои шӯравии пешин низ ба назар мерасанд: "Дар Молдова, Украина, Гурҷистон бори сеюм ё чаҳорум президентҳо иваз мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар Молдова коммунистон дар сари қудрат буданд."

Ва аммо маънои ибораи "раисиҷумҳури демократ" чист?
Алиризо Нуризода: "Касе ки аз тариқи интихоботи демократӣ ба сари кор омада бошад ва дар ҳама аъмоли худ аз қонун ва меъёрҳои мардумсолорӣ кор бигирад. Дар Ғарб теъдоди зиёде аз чунин раҳбарон вуҷуд доштаанд."
Аммо аз ин теъдоди зиёд, барои рӯшан кардани мавзӯъ бояд дар яке мутамаркиз шавем. Агар Ватслав Ҳавел ҳамчун президенти Чехословакиё бештар нақши сарвари маънавиро дошт, Билл Клинтон дар чаҳорчӯби низоми қавию таърихии тақсими қудрат амал мекард ва Миттеран ё Ширак сароне дар ҷомеаи бисёрҳизбӣ буданд, Нелсон Мандело касе буд, ки нахуст дар Африқои Ҷанубӣ сулҳро барқарор кард, режими нажодпарастро шикаст дод ва дар шароити истисноии даврони печидаи гузор раҳбари мамлакат буд.

Мардуми Африқои Ҷанубӣ суруде офаридааст дар ҳаққи Нелсон Мандело ва ӯро "бобои мо" ё " падари миллат" меномад.
Ҳамчун ҳуқуқшинос ва яке аз сарони Кунгреи миллии Африқо барои мубориза бо режими опортеид Мандело бо иттиҳомоти бофта дар соли 1964 зиндонӣ шуд, аммо аз ақидаҳои худ даст накашид ва дар додгоҳ гуфт, ормонаш як ҷомеаи демократӣ ва озод аст ва ин ақидаҳо сазовори умри ӯянд ва омодааст, барои онҳо бимирад.
Муборизаи ӯ аз маҳбас низ идома кард ва ниҳоят пас аз 27 соли зиндон ба озодӣ баромад ва аввалин президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ интихоб шуд. Муборизаи вай на бар зидди ҳокимияти сафедпӯстон буд, балки барои ҳуқуқҳои баробар. Вай кишварро ба мусолиҳа овард ва пас аз панҷ сол ё як даври раёсатҷумҳурӣ ба талабҳои зиёд ва самимонаи аксарияти кулли мардум нигоҳ накарда, аз ширкат дар интихобот даст кашид, то ба насли дигари сиёсатмадорон роҳ диҳад.
Вай истеъфои худро бознишастагӣ на, балки оғози наве номид ва гуфт худро ҷавон ҳис мекунад, гӯё 50-солааст.

Коршиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, Мандело ҳақ дошт барои 27 соли машаққаташ дар зиндон 27 соли президентӣ талаб кунад, вале вақте берун омад, аз кинаву душманӣ фосила гирифт, то ба мардуми худ намунаи олии қонунмандиро нишон диҳад. Ба навиштаи Томас Фридман, журналисти саршиноси Амрико, агар Мандело ин гуна намекард, ормонҳои бунёди як ҷомеаи мардумсолорро барбод ва ояндаи кишвари дар ҳоли гузорашро ба самти худкомагӣ таҳрик медод. Мандело ва дертар Ватслав Ҳавел барқарории сулҳу субот ва ё ҳассосияти даврони гузаришро ба баҳонаи идомаи раёсати худ табдил надоданд.
Пас амалан, на дар сухан як президенти мардумсолор бояд чи рафторе дошта бошад. Шокирҷон Ҳакимов: "Бояд волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, иқтисодиёти озод, рақобатҳои созандаро таъмин кунад ва шароити ба саҳна омадани сиёсатмадорони ҷавонро ба вуҷуд орад."

Дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз ҳамон давраи гузор, ки Фридман мегӯяд, баҳонае шудааст, ки президентҳо дар сари қудрат боқӣ монанд ва бигӯянд, ки мехоҳанд, кори саркардаи хешро ба поён расонанд, иқтисодиётро рушд диҳанд ва ба бенавоии мардум хотима гузоранд.
Журналисти мустақили тоҷик Мухтори Боқизода мегӯяд, дарвоқеъ мардумсолории як президент дар ин ҷомеаҳо пеш аз ҳама бо ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ пайванд мегирад: "Президенте ки пеш аз ҳама иқтисодиётро ба роҳ мемонад ва зиндагии мардумро ба маротиб беҳтар мекунад, президенти арзанда аст."

Аммо оё ҳатто дар чунин марҳилаҳои сахти таърих низ, барои як президенти мардумсолор оё иқтисодиёт бартарӣ дорад, ё қонун, мепурсам аз ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов:
"Албатта, қонун. Бе риояи қонун сатҳи зиндагии мардумро боло бардоштан аз эҳтимол дур аст ва фақат бо ислоҳоти сиёсӣ метавон ба ислоҳоти иқтисодӣ расид. Аммо вақте ки барои 15 солу 20 сол як нафар зимоми сиёсии кишварро ба дасти худ мегираду танҳо ба наздикону ҳамқавмонаш ва ё як гурӯҳи муайяни аҳолӣ хизмат мекунад, тамоми беҳбуди иқтисодӣ ба манфиати гурӯҳи хурд тамом мешавад."

Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорад, ҳарду таҳлилгар ҳам гуфтанд, ҳеч яке аз номзадҳои то ҳол эълоншуда ба меъёрҳои як раисиҷумҳури демократ ҷавобгӯ нест. Пас оё метавон умед кард, ки дар оянда, рӯзгороне дар Тоҷикистон як президенти воқеъан мардумсолор ба қудрат хоҳад расид?

Мухтор Боқизода: "Дар 14 соли оянда на. Чизеро намебинам."Шокирҷон Ҳакимов: "Агар чунин шаклу усули корбарӣ бошад ва агар иродаи сиёсии воқеъӣ набошаду муҳити муосид ба ягон дигаргунии назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст."
XS
SM
MD
LG