Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳо дар саҳнаи интихобот


Ҳизбҳо ё ташкилотҳои умда рӯи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳамеша аз тактикҳои хос барои рафтан ҷониби ҳадафи худ истифода кардаанд. Тактик ё роҳкорҳои аҳзобро бо ҷомеашиносони тоҷик матраҳ ва баҳс мекунам. Ин токтикҳо аз чӣ қарор аст ва кадоме дар корбурди онҳо муваффақ ва буда ва кадоме низ камтар.

Ба назари коршиносон, феълан ду ҳизби сиёсии мунсаҷим ва коромад рӯи саҳнаи сиёсӣ -- Ҳизби халқию демократии ҳоким ва дигаре Ҳизби наҳзати исломӣ маҳсуб мешаванд. Аз Абдулло Қодирӣ, таҳлилгари Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон роҷеъ токтикҳои ин ду ҳизб суол мекунам. Токтикҳе, ки ин ду ташкилот умдатан аз он истифода кардааст:

"Барои ҲНИТ огоҳ кардани мардум аз ислом як токтике ҳаст барои густариши пойгоҳаш. Ва ҲХДТ бо такия ба дастовардҳои ҳукумат ва барномаҳои бунёдкоронаи раҳбарияти кишвар пеш меравад."


Аммо Ғаюр Қаҳҳоров мудири Маркази омӯзишҳои сотсиологии Тоҷикистон мегӯяд, ҲНИТ дар гузашта барои расидан ба қудрати сиёсӣ аз токтики тавассул ба зӯр низ истифода кард, ки натиҷа надод. Вай мегӯяд, ба ин сабаб ҳиӯзби исломии Тоҷикистон даст аз он токтик бардошт ва бо шиори сулҳу ҳамкорӣ ва рушди миллӣ ба саҳна омад.
Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ аз бозе, ки қудрати сиёсиро дар Тоҷикистон аз даст дод, ҳамвора мавқеи созиш бо ҳукуматро ишғол кардааст. Чаро? Абдулло Қодирӣ мегӯяд, пас аз фурӯпошии шӯравӣ ин ҳизб ҷои худро ба ҳизби халқию демократӣ дод ва созиши он бо ҳизби ҳоким мавқеи онро ҳамсони ҳизби ҳоким гардонд. Ду ҳизби ҳамсон наметавонанд баробар муваффақ бошанд.

Ба ақидаи коршиноси барномаи мо ду ҳизби наҳзати исломӣ ва демократ дар ибтидо агарчанд бо аҳдоф, шиорҳои мунсоиб рӯи кор омаданд, бар асари токтикҳои нокоромад, арзишҳои худро то ҷое гум карданд. Ва ҳизби ҳоким бо истифода аз тавон ва имкони худ аз ин аҳзоб беҳтарин арзишҳо ва аҳдофро дар барномаи худ ҷой дод ва аз назари истиртежик ё роҳбурдӣ ин аҳзоборо дучори чолиш кард, ки дар натиҷа дар ин аҳзоб дар тайини токтикҳои худ мувоҷеҳи мушкил шуданд. Бо вуҷуде, ки ин ҳизб бо 7 соли пеш як ҳизби халқӣ буд ва муассисони он низ дар муқобили нирӯҳои демократӣ ва миллӣ ҷангида буданд, акнун шиорҳои демократӣ ва миллӣ медиҳад ва ҷое ҳам роҳбарони он аз ислом пуштибонӣ мекунанд. Ва ҳизб, ки ҳоким аст, табиист, ки садояш низ баландтар ба гӯшҳо мерасад. Ба ин тартиб ҷойи назарияпардозии истротежик барои аҳзоби дигар тангтар шуд. Ва дучори чолиш шудани барномаи истротежик ба назари коршиносон ҳамеша сабаби даступохурдагӣ дар тасмимгириҳои токтикӣ мешавад.
Абдулло Қодирӣ мегӯяд, машруъият ҳамеша барои аҳзоб муҳим аст. Ва аз ин нигоҳ аз ӯ роҷеъ ба корбурди токтики аҳзоб дар остонаи интихобот суол мекунам ва мепурсам, тасмими ҲДТ дар мавриди таҳрими интихобот, ки гуфта мешавад боиси аз даст додани машруъияти ин ҳизб шуд, аз назари тактикӣ чи гуна арзёбӣ мекунад:

"Иқдоми нодурусте будааст, зер дар ҳоле ки як ҳизб бо бӯҳрони раҳбарӣ ва эҳтимоли фурӯпошӣ вуҷуд дорад, намебоист дар чунин замони барояш сангин даст ба амали сангинтаре бизанад."

Аммо Ғаюр Қаҳҳоров роҷеъ ба тактики аҳзоби мухолиф мегӯяд, мавқеъи интизориро касб кардани онҳо ва сарфи назар карданашнон аз ширкат дар интихобот низ як навъи токтик аст, аммо коромад воқеъ шудани он баъдтар маълум мешавад.
"Мумкин аст, онҳо интизори шароити беҳтаре барои худ бошанд. Масалан, шояд ҳизби наҳзати исломӣ на барои имрӯз, балки барои оянда кор мекунад. Такия ба ҷавонон мекунад барои зиёд кардани аъзо ва тарафдоронаш, ба вижа ки сафи ҷавонони масҷидрав рӯ ба афзоиш дорад,"

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ вуҷуд дорад, ки роҷеъ ба умдатарини онҳо гуфтем, барои бархе аз ҳизбҳо интихоботи кунунӣ нахустин корзори сиёсӣ ва интихоботист ва бархе ҳизбҳо ҳам кунун аз худ токтик нишон надодаанд. Токтики онҳо умдатан созиш ва мусолиҳакорӣ будааст.
XS
SM
MD
LG