Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзиннисо Воҳидова: "Тасмими Вазорати адлия ғайриқонунист."


Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод Радиои Озодӣ бо Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси мустақил дар мавриди қазияи Ҳизби демократ ва тасмими Вазорати адлия аз нигоҳи қонуният мусоҳиба орост. Суоли нахустин аз бону Воҳидова ин буд, ки оё Вазорати адлия ҳаққи мудохила ба умури дохилии аҳзобро дорад ва ё на?

ФВ: - Мо бояд як чизро ба назар гирем, ки аввалаш ин ки ҳизбҳои сиёсӣ оиннома доранд, аз руйи оиннома ва қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ онҳо фаъолият мебаранд. Он чизе ки дар доираи оиннома аст, вай қонунӣ аст. Вазорати адлия ҳамчун як ташкилоти давлатӣ мақомоти қудратию давлатӣ умуман ҳуқуқи дахолат кардан ба фаъолияти аъзогии сиёсӣ надорад. Санаде, ки аз тарафи Вазорати адлия тартиб дода шудааст, ин умуман заминаи ҳуқуқӣ надорад, ин ғайри қонунӣ аст. Барои он ки ба ҳамаи мо маълум аст, ки аллакай 6-уми сентябр аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати аҳзобҳои сиёсӣ ва роҳбарони онҳо, ки қонунӣ эътироф карда шудааст аз тарафи вазорат ба Комиссияи марказии интихобот ворид гардид ва аз рӯи он Ҳизби демократ таҳти роҳбарии Искандаров эътироф карда шудааст. Вақте ки санаи 29-уми сентябр ба ҳамин санад иловагӣ ворид мекунанд бо тағйиротҳо, Собиров ҳамчун роҳбари Ҳизби демократ эътироф карда шуд аз тарафи Вазорати адлияю ҳамин санад бо ворид гаштани тағйиротҳо ба КМИР ирсол шудааст, ин умуман ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ҳам нест. Он ягон замимаи таҳкурсӣ надорад, ин ғайри қонунӣ аст.

АҚ: -Дар ҳоле, ки миёни ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ баҳсҳо бармехезад оё ин баҳсҳоро Вазорати адлия бояд ҳаллу фасл кунад ва ё ки ин баҳсҳо барои додгоҳ аст?

ФВ: -Албатта, Вазорати адлия умуман ин ҷо дахолат кардан ҳуқуқ надорад, умуман ҳамин муроҷиати худи Собиров ба Вазорати адлия аллакай ғайриқонунӣ буд. Вақте ки байни ташкилотҳо, байни шаҳрвандон баҳс ба миён меояд, ҳатман барои бартараф кардани баҳс бояд ба додгоҳ муроҷият намуд. Ин умуман вазифаи Вазорати адлия нест, Вазорати адлия фақат ҳуқуқи ба қайд гирифтану минбаъд то чӣ андоза қонунӣ фаъолият бурдани ин ё он ташкилотҳои ҷамъиятиро ҳуқуқ дорад.

АҚ: -Оё агар бубинад, ки ҳамин ниҳод ғайриқонунӣ фаъолият кард, худаш мустақим дар мавриди сарнавишти он тасмим мегирад ё ин ки бо пешниҳод ба додситонӣ ё ки ба додгоҳ муроҷиат мекунад, то ин ки ин мавридро таҳлилу баррасӣ кунад ва хулоса диҳад, бифармоед.

ФВ: -Вазорати адлия ягона ҳуқуқи аз ташкилотҳои ҷамъятӣ бозпас ва бозхондани иҷозатномаро (литцензия) дорад. Дар дигар ҳолат гӯем, ки мана ҳозир баҳсе, ки маҳз байни ҳизбҳои сиёсӣ ба миён омадааст, Вазорати адлия фақат бо пешниҳод метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад. Ягона мақомоте, ки ин чизро ҳал мекунад ин додгоҳ аст, ҳатто Вазорати адлия ҳуқуқи қарор қабул кардан мустақиман надорад, танҳо тавассути додгоҳ. Бо пешниҳод ба додгоҳ муроҷиат мекунад.

АҚ: -Дар ин мавриде, ки масъалан Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҳизби демократро таҳти роҳбарии Собиров ба расмият шинохт ва анҷумани фавқулодаи онро қонунӣ эътироф кард. Ин кори Вазорати адлия дар доираи қонун нест, яъне Вазорати адлия ғайриқонунӣ рафтор кардааст?

ФВ: -Ғайриқонунӣ рафтор кардааст, ба фикри ман ин як супориш ба Вазорати адлия, бинобар он ки дар анҷуман ягон номзад пешбарӣ нашуд. Аз сабаби он ки анҷумани фавқулода номзад пешбарӣ кард ин ба фоидаи ҳукумат аст. Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки Вазорати адлия ин ҷо як супориши махсуси ҳукуматро иҷро намудааст. Бинобар ҳамин эътироф кардааст, ки гӯё ки анҷумани фавқулодда бо роҳбарии Собиров гӯё ки қонунӣ бошад ва ҳамааш баҳси байни дохилии худи ҳизб мебошад, бояд ҳизб худаш ҳал намояд дар доираи оиннома, агар дар доираи оиннома риоя нашуда бошад, дар он гоҳ онҳо ҳуқуқи ба додгоҳ муроҷиат кардан доранд, фақат додгоҳ ин масъаларо ҳал мекунад, то чӣ андоза кадом тарафи онҳо қонунӣ ҳастанд. Вазорати адлия албатта аз доираи фаъолияти худаш берун баромадааст. Ман фикр мекунам, ки Собиров маҳз махсус ба Вазорати адлия муроҷиат намудааст, медонист пешакӣ, ки аллакай вай аз тарафи Вазорати адлия дастгирӣ меёбад. Ман шунидам баромади муовини вазири адлия Рустам Менгалиев, чӣ хеле ки дар доираи ҳамин ҳизб баромад кард, ман ҳисоб мекунам, ки ин ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ман аллакай гуфта гузаштам, ҳаллу фасли ин масъала ба доираи ваколатҳои Вазорати адлия дохил намешавад.

АҚ: -Яъне Шумо фикр мекунед, ки Вазорати адлия даст ба қарорҳои сиёсӣ мезанад ва авзои кишварро муташанниҷ мекунад?

ФВ: -Албатта, бинед, ки худи аз ҳамон санадҳое, ки аз тарафи Вазорати адлия ба комиссияи интихоботӣ ворид шуд, аллакай аз ҳамин гувоҳӣ медиҳад, яъне онҳо 6-уми сентябр аз ҳашт ҳизби сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бо роҳбарии онҳо аллакай рӯйхат пешниҳод шуд, аз тарафи Вазорати адлия. Баъд санаи 29-уми сентябр бе ягон асос ғайриқонунӣ ба ҳамин санад онҳо тағйирот медароранд, ин ғайриқонунӣ аст. Бубахшед ин бозор нест, ки мо аз рӯи нархнома ҳар рӯз савдо кунем, ин санади ҳуқуқӣ ба комиссияи марказӣ меравад. Ман ҳисоб мекунам, ки дар ин ҷо тамоман ҳуқуқи райъи шаҳрвандон поймол карда шудааст, Вазорати адлия ба чунин қонуншиканиҳо роҳ доданаш мумкин нест.

АҚ: -Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр ба комиссияи марказии интихобот нома фиристода гуфт, ки Ҳизби демократ зери роҳбарии Собиров қонунӣ аст. Анҷумани фавқулодаи Ҳизби демократи Собиров рӯзи 17-уми сентябр баргузор шуда буд, ки дар он ҷо номзадашонро ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд. Ҷиноҳ, ҳатто ҳизбе, ки ҳоло аз тарафи Вазорати адлия эьтироф нашудааст оё ҳақ дошт, ки номзад пешниҳод кунад? Вазорати адлия баъди чанд рӯзи анҷуман ин ҳизбро ба расмият шинохт оё дар ин ҷо низ ба назари Шумо қонун муроот шудааст ё не?

ФВ: -Ин ҷо қонун риоя нашудааст, тамоман поймол шудааст. Барои он ки, вақте сухан дар бораи пешбарӣ намудани номзадӣ ба президенти Тоҷикистон меравад, мо бояд дар доираи қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон амал намоем. Сухан дар бораи дигар чиз меравад, ки оё ҳамин пешниҳоду ҳамин қароре, ки аз тарафи Ҳизби демократӣ қабул шудааст, то чӣ андоза ин қонунӣ аст ва аз тарафи Вазорати адлия эътироф кардани он то чӣ андоза қонунӣ аст. Агар 17-уми сентябр анҷуман барпо гашта бошаду аллакай номзад пешниҳод шуда бошад, дар мӯҳлати се рӯз қароре, ки дар бораи пешбарӣ намудани номзад қабул карда шуд, ба Комиссияи марказии интихобот бояд ворид мегашт. Вақте ки
29-уми сентябр Вазорати адлия эътироф кард, ин аллакай ғайриқонунӣ аст. Аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон он ҳизбҳое, ки расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд, онҳо ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадро доранд, дар ҳоле ки 17-сентябр Вазорати адлия эътироф карда буд, ки Ҳизби демократ раиси он Маҳмадрӯзи Искандаров асту эътироф кардааст, албатта санаи 29-сентябр шинохтан ва эътироф намудани ҳизб бо роҳбарии Собиров ин ғайриқонунӣ аст.

АҚ: -Ба назари Шумо иштироки Табаралӣ Зиёев ҳамчун номзад ба мақоми раисҷумҳур аз номи Ҳизби Ддмократи Тоҷикистон зери раҳбарии Собиров то кадом андоза дуруст аст, оё санадҳои он, оё тарзи пешниҳоди он ба қонунгузории Тоҷикистон мувофиқат мекунад ё не?

ФВ: -Ман ҳисоб мекунам, ки ин ғайриқонунӣ аст, зеро фақат санаи 29-уми сентябр санади Вазорати адлия ба Комиссияи марказии интихобот ворид шуд, ҳоло ин ки қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президент моддаи 24 пешбинӣ намудааст, ки дар мӯҳлати се рӯз пас аз қабули чунин қарор, яъне қарори анҷуман дар бораи пешбарӣ намудани номзад, вақте ки 17-сентябр анҷуман барпо гашту қарор қабул карданд, он дар мӯҳлати се шабонарӯз бояд ба Комиссияи марказии интихоботӣ пешниҳод мешуд, вақте ки 29-уми сентябр ин аллакай бо гузаштани мӯҳлатҳои қонун пешбинӣ намуда ворид гаштааст, ин санад аллакай замимаи ҳуқуқӣ надорад, қувваи ҳуқуқӣ надорад. 29-уми сентябр санад ворид гашт ба Комиссияи марказии интихобот, дар ҳоле ки худи ҳизб бо ҳамин раисаш Собиров ғайриқонунӣ буд. Дар ҳамин вақт гуем, дар ҳамин маврид Ҳизби демократ бо раҳбарии Собиров дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашуда буд, аз он ҷумла пешниҳод намудани номзад низ ғайриқонунӣ мебошад. Барои он ки дао ҳамин вақт, дар ҳамон маврид бо роҳбарии Собиров ин ҳизб аз қайди адлия нагузашта буд.

АҚ: -Ба назари Шумо чаро чунин ҳолатҳо пеш меояд?

ФВ: -Мо ҳама медонем, ки интихоботи президент ин як маъракаи ҷиддии сиёсӣ мебошад. Номзад ба президент бояд алтернатива дошта бошад, бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки ин чизҳо як чизи рӯякӣ аст, ки дар назди ташкилотҳои байналмиллалӣ нишон доданӣ ҳастанд, ки принсипҳои демократия, яъне интихоботи шаффоф дар мо ҳузур дорад, мо риоя карда истодаем. Бинобар ҳамин Вазорати адлия низ аз эҳтимол дур нест, ки як супориш гирифтааст, ки дар симои пешбарии гуем дигар номзадҳое, ки имрӯз пешбарӣ шуда истодаанд, ман фикр мекунам, ки ин номзадҳо ҳамааш як характери формалӣ доранд. Онҳо ҳатто имзо ҷамъ карда наметавонанд ё ин ки кӯшиш мекунанд, ки имзо ҷамъ кунанд, лекин оянда онҳо ягон перспектива надоранд, лекин ба ҳар ҳол мақомотҳои давлатӣ аз тарафи ҳукумат ҳамин хел супоришҳо гирифтаанд, ки мо гӯё вонамуд кунем, нишон диҳем, ки мо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳақиқат демократӣ дорему интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффоф мегузаранд, мо гӯем алтернатива дорем, мо якчанд нафар номзадҳои болаёқат дорем, лекин мо дорем дар ҳақиқат шахсони болаёқате, ки онҳо арзанда ҳастанд. Лекин имрӯз он шахсоне, ки пешбарӣ намудаанд фақат характери формалӣ дорад.

АҚ: -Ширкат додани Табаралӣ Зиёев дар ин интихобот оё ин интихобот раиси ҷумҳурро ба як мазҳака, ба як комедия намеорад, ки ҳизбе, ки расман сабт нашуда буд, номзадаш дар интихобот иштирок дорад?

ФВ: -Пеш аз ҳама дар бораи ҳамин фикр мекунам, ки Вазорати адлия бо ин кирдори худ, яъне эътироф намудани як ҳизбе, ки умуман ягон замимаи ҳуқуқӣ надорад, пеш аз ҳама обрӯю эътибори ҷумҳуриро паст зада истодааст. Мо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ як обрӯю эътибори худро гум карда истодаем. Номзадии Раҳмонов як шахси шинохта аст, шахсан худам эътироф мекунам. Новобаста гӯем, аз баъзе мавқеъҳо, лекин дар ҳоле ки дар ҳақиқат нисбат ба шахсияти Раҳмонов имрӯз ҳамчун як номзад пешбинӣ кардани як ашхосе, ки умуман вай ғайриқонунӣ аст, вай ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод карданд, умуман ягон чизи ҳуқуқӣ надорад, албатта ин як шармандагӣ аст, ин як обрӯю эътибори ҷомеаро паст задан аст. Ин як мазҳака мебошад, барои он ки ба ҳамаи мо ба халқи тоҷик маълум аст, ки дар арафаи чунин як маъракаи ҷиддии сиёсӣ ба чунин гӯем, як масхарабозӣ роҳ додан ин як хеле чизи ҷиддӣ аст, ки бояд баҳои ҳуқуқӣ дод.
XS
SM
MD
LG