Пайвандҳои дастрасӣ

Сабти ном шудани се номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба се довталаби курсии раиси ҷумҳурӣ гувоҳномаи номзади ин маснадро додааст.


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури кунунӣ ва раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Исмоил Талбаков, котиби кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, нӯҳуми октябр ҳамчун номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном шуданд. Ҳамчунин, Кумиссиюни марказии интихобот 15 нафарӣ шахсони эътимодноки ҳар сеи номзадҳоро сабти ном кардааст.


Ҳамакнун, дар Кумиссиюни марказии интихобот тафтиши имзоҳои ба тарафдории ду довталаби дигар гирдовардашуда идома дорад. Сабти номи Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Амир Қароқулов, раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар сурати дурустии теъдоди лозимаи имзоҳо набояд дертар аз 12 октябр сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG