Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳинома дарёфт мекунанд


Кумисиюни Марказиии Интихобот (КМИ)-и Тоҷикистон рӯзи душанбе (9-октбр) ба эътои гувоҳиномаҳо барои номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар оғоз мекунад. Дар пайи дарёфти ин санад корзори таблиғотии номзадҳо расман оғоз хоҳад шуд.


Ба гуфтаи КМИ, ҳамчунин қарор аст рӯзи 9 октябр ба 15 нафар аз афроди мавриди эътимоди номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ гувоҳинома супурда шавад.


Тибқи муқаррароти КМИ, қарор аст пас аз он ситодҳои тадорукотии номзадҳо созмон ёбад ва ҳамзамон корзори таблиғотии онҳо аз тариқи садову симо ва дигар расонаҳои хабарӣ роҳ уфтад.
XS
SM
MD
LG