Пайвандҳои дастрасӣ

"Рӯзноманигорӣ дар Русия - яъне "рулети русӣ"


ПФ: Ман Аннаро ба хубӣ мешинохтам. Мо дӯстони хубе будем. Барои як рӯзнома кор мекардем ва якдигарро ба хубӣ мешинохтем. Бисёре ба ман мегӯянд, ки ман инсони печидаву мушкиле ҳастам. Вале бо Анна мо ҳамеша равобити дӯстонаи олие доштем ва ба якдигар ба унвони рӯзноманигор ва ҳамчунин ба унвони одамоне, ки бо масоили Қафқоз сару кор доранд, арҷ мегузоштем.

РО: Баъзеҳо бар ин назаранд, ки Анна Политковская як зани беш аз ҳад далер буд ва шояд набояд ин ҳама шуҷоъат ба харҷ медод. Оё шумо ҳам бо ин назар мувофиқед?

ПФ: Ҳамин чанд рӯз пеш, вақте ки якдигарамонро дар дафтари рӯзнома дидем, Анна аз ман ҳолпурсӣ кард. Ман гуфтам, ҳолам хеле хуб аст ва шояд ҳам беҳтар аз ҳар каси дигар. Чун ҳанӯз зиндаам ва ҳанӯз ҳам озодам, на дар зиндон. Мо ҳар ду хандидем. Яъне барои он идда аз рӯзноманигороне, ки дар Русия воқеъан ҳам рӯзноманигор боқӣ мондаанд - супориши касеро анҷом намедиҳанд ва ба вижа барои дастгоҳи таблиғоти давлатӣ кор намекунанд - барои ин даста аз рӯзноманигорон кор ба монанди бозии 'рулети русӣ' аст. Яъне ҳаргиз намедонӣ, ки чӣ иттифоқе бо ту хоҳад уфтод: туро метавонанд боздошт кунанд, кутак бизананд, бикушанд...

РО: Аммо чаро Политковская бояд ҳоло аз миён мерафт? Чӣ касе, ба назари шумо, ба марги вай алоқаманд буд ё, ба истилоҳ, дар он манфиъаташро медид?

ПФ: Афроди мазнун (гумонбар)-и мушаххасе ҳастанд. Рамазон Қодиров, нахуствазири рӯ ба Маскави Чеченистон аз ҷумлаи онҳост. Зеро ахиран Анна Политковская дақиқан рӯи корҳои ҳамӯ мутамаркиз шуда буд ва кор мекард. Вай дар бораи Рамазон Қодиров ва гурӯҳи тарафдорони Қодиров, дар бораи нақзи ҳуқуқи башар, одамрабоиҳо ва шиканҷаи афрод тавассути онҳо чизҳое навишта ва чоп карда буд. То ҷое, ки ман медонам, Анна Политковская дар мавриди ширкати мустақими Рамазон Қодиров дар шиканҷаи афрод ва дигар корҳои бад далоили мувассақе аз қабили акс ва наворҳои видеуӣ дар даст дошт. Вале дар дафтари "Новая газета" як назари дигар ҳам матраҳ аст, ки шояд каси дигаре барои зери зарба гузоштани Рамазон Қодиров ин корро карда бошад. Ҳарчанд Рамазон Қодиров ба Владимир Путин наздик аст, аммо дар кохи Кремлин ва дар суфуфи хадамоти вижаи мо оқои Қодиров душманони бисёре дорад. Ҳарчанд ин фарзия аз нигоҳи ман то андозае печида ба назар мерасад, вале ба ҳар ҳол он ҳам матраҳ аст. Аммо мусалламан мазнуни аслӣ ҳамоно Рамазон Қодиров аст.

РО: Вале оё худи Анна Политковская дар ин бора бо шумо суҳбат дошт, ки мушаххасан чӣ касе ӯро таҳдид мекард?

ПФ: На, дар ин бора суҳбате надоштем. Вале ӯро пайваста касе таҳдид мекард. Замоне вай ба мавзӯъи Михаил Ходорковский пардохта буд ва он давра ҳам афроди аҷибу ғарибе ӯро таҳдид карда буданд. Яъне ҳамеша ӯ дар маърази таҳдид буд. Як бор ӯро масмум карда буданд, яъне ба ӯ заҳр дода буданд ва акнун куштанаш.

РО: Ба назари шумо, ин ҳодиса бар рӯзноманигорон ва журнолизми Русия чӣ таъсире хоҳад гузошт?

ПФ: Ба назари ман, ин ҳодиса рӯи журнолизми Русия таъсири мустақиме нахоҳад дошт. Зеро, масалан, журнолизми телевизюнӣ таҳти кунтрули тамому комили давлат аст ва рӯзномаҳо ҳам тадриҷан зери нуфуз ва кунтрули Кремлин қарор мегирад. Вале дар Кремлин ҷиноҳҳои мухталиф ҳузур доранд ва гоҳо алайҳи якдигар ҷангҳои иттилоъотӣ созмон медиҳанд ва дар он ҳолат авзоъ то андозае тағйир мекунад. Албатта, хелеҳо изҳори нороҳативу инзиҷор хоҳанд кард, хостори анҷоми таҳқиқоти ҳодиса хоҳанд шуд ва дар сурати бурузи носозгорӣ миёни ҷиноҳҳои мухталифи Кремлин ва хадамоти вижаи мо шояд ҳатто чизе аз ҳақиқат рӯи об ояд.

РО: Вале оё ин ҳодиса аз шуҷоъати рӯзноманигорони Русия нахоҳад кост? Онҳоро тарсутар нахоҳад кард?

ПФ: Мушкил аст, ки тарсутар аз ин бишаванд. Ва онҳое, ки наметарсанд, аз ин ба баъд ҳам нахоҳанд тарсид. Ин аввалин ҳодиса нест. Фикр намекунам, ки чизе шадидан тағйир кунад. Аммо ҳодисае, ки бо Анна Политковская рух дод, ба монанди иттифоқе, ки бо Игор Гонгадзе дар Укроин уфтода буд, метавонад ангезае шавад барои талошҳо ҷиҳати муқобила бо корзори нобудии озодии баён дар Русия. Ба назари ман, дигар чизе намондааст, ки мояи тарсу ҳарос бошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG